Низомиёни Русия таҷрибаи Сурияро дар тамринҳои СААД дар Тоҷикистон истифода хоҳад кард

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащие на учениях ВС России и Белоруссии "Запад-2021" на полигоне "Правдинский" в Калининградской области
Военнослужащие на учениях ВС России и Белоруссии Запад-2021 на полигоне Правдинский в Калининградской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Низомиёни Русия ҳангоми машқ дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон аз таҷрибаҳояшон дар Сурия истифода мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Таҷрибаи ҷангии Сурия асоси амали низомиёни рус дар машқҳои вижаи кишварҳои СПАД дар Тоҷикистон "Эшелон-2021" хоҳад буд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки машқҳои низомӣ бо нерӯ ва васоили таъмини моддию техникии нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бори аввал дар қаламрави Тоҷикистон аз 18 то 23 октябр баргузор мешаванд.

"Ҳангоми машқ мо бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи муноқишаҳои мусаллаҳи муосир, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ вазифаҳои васеи таъминоти моддию техникии қувваҳои вокуниши сареи СПАД-ро пардозиш хоҳем дод", - гуфт муовини фармондеҳи бахши таъминоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-лейтенант Алексей Лемякин.

Ҳамин тариқ воҳидҳо вазифаҳои омӯзишии ҷангиро барои густариши иншооти инфрасохтори анбор, истгоҳҳои саҳроӣ барои гирифти сӯзишвории таҷҳизот иҷро мекунанд. Қарор аст, омӯзиши кӯчонидани мошинҳои зиреҳпӯши вайроншуда аз майдони ҷанг, таҳвили мавод ва муҳимоти ҷангӣ низ сурат бигирад.
Учения Коллективных сил быстрого развертывания Центральноазиатского региона коллективной безопасности ОДКБ в Иссык-Кульской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
СААД дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон тамриноти низомӣ мегузаронад
Гуфта мешавад, беш аз 500 низомии воҳидҳои таъминоти моддию техникии қувваҳои мусаллаҳи Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ба вазифаҳои амалӣ ҷалб карда мешаванд.
Лемякин афзуд, ки машқ омӯзиш ва ҳамоҳангӣ иҷрои вазифаҳои муштараки воҳидҳои таъминоти моддию техникии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД-ро беҳтар хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала