Раҳмон бо Микурия такмили хадамоти гумруки Тоҷикистонро баррасӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон встретился с Генеральным секретарем Всемирной таможенной организации Кунио Микуриа
Эмомали Рахмон встретился с Генеральным секретарем Всемирной таможенной организации Кунио Микуриа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Кунио Микурия, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Микурия изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, такмили маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашуда, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсонӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Боло бурдани малакаи маъмурини гумруки Тоҷикистон дар мулоқот муҳим хонда шудааст.
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Эълони ном ва ҷазои се мақомдори баландпояи гумрук барои қочоқи 90 кило тилло
Ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Гумрук таҳия ва пешниҳод мешаванд, ба зиёд гардидани гардиши тиҷорат ва қисми воридотии буҷаи давлат мусоидат менамояд. Аз судҳои дигари такмили хадамоти гумрукӣ рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа арзёбӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро қабул намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала