Тамоюли нав: Дар Русия шумораи занони муҳоҷир афзуд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксПродавец и покупательница в защитной маске
Продавец и покупательница в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Вақтҳои охир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар занон ба Русия сафар мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Русия тамоилҳои нав дар байни муҳоҷирон мушоҳида шудааст; на танҳо мардон, балки теъдоди зиёди занон низ ба ин кишвар сафар мекунанд, хабар медиҳад URA.RU бо истинод ба конфронси байналмилалии "Чеҳраи занонаи муҳоҷират".
Занон асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ озими Русия мешаванд.

"То 50%-и онҳое, ки аз Қирғизистон ба Русия ворид мешаванд, занонанд. Ва ҳиссаи занони тоҷик ё туркман, ки ба Русия ворид мешаванд, ҳадди ақал 10% аз муҳоҷирони ин кишварҳоро ташкил медиҳад", - омадааст дар паём.

Коршиносони ин соҳа тамоюли навро ба таври сода шарҳ медиҳанд.
Агар қаблан занони муҳоҷир ба сифати аъзои оила ба Русия меомаданд ва қариб кор намекарданд, пас имсол тамоюли иштироки фаъолонаи онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ мушоҳида мешавад.
Уроженка Таджикистана Нуринисо Абдулмаинова получила приз зрительских симпатий на конкурсе красоты среди девушек-мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Ҷаззобу нозанин: Зеботарин муҳоҷирдухтарони Маскав муайян шуданд - 12 акс
Аслан занони муҳоҷир ба ҳайси фурӯшанда, фаррош ва тамизкор фаъолият мекунанд. Илова бар ин онҳо метавонанд ба осонӣ дар ҷойҳое, ки қувваи ҷисмонӣ на он қадар муҳим аст, мардонро иваз кунанд.
Масалан, ҳамчун хаткашон ё дар истеҳсолот кор карда, бомуваффақият ба ин раванд ворид мешаванд.
Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавад
Ёдовар мешавем, ки пештар дар Маскав миёни муҳоҷирон озмуни зебоии "Мисс Федератсияи муҳоҷирони Русия - 2021"-ро баргузор карданд. Се зодаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.
Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад
Баранда Рӯшана Каримоваи 25-сола аз Ӯзбекистон буд ва зодаи Тоҷикистон Нуринисо Абдулмаинова ҷоизаи тамошобинонро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала