Сафари ҳайти парлумонии Тоҷикистон ба Туркия

© Sputnik / Максим БлиновСамолет "Airbus A320" авиакомпании "Аэрофлот"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Аэрофлот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Намояндагони парлумони Тоҷикистон тайи се рӯз дар Туркия бо ҳамтоёнашон ва дигар мақомоти баландпояи турк дидору мулоқот хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Туркия рафт.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сафари мазкур бо даъвати раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп сурат гирифта, он аз 12 то 15 октябр идома меёбад.
Президенты Таджикистана и Турции Эмомали Рахмон и Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Эрдуғон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд
"Ба ҳайат раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Мирзоанвар Ахмедов вориданд", - афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, дар назар аст, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар зимни сафар бо ҳамтои туркаш Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқот кунад.
Ёдовар мешавем, қаблан сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл гуфта буд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд.
Аммо сафир дақиқи нагуфт, ки сафари президенти Туркия ба Тоҷикистон кай сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0