Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузаштан ба хазинаи аксВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Дар Русия хатмкунандагони хориҷии мактабҳои Русия метавонанд ба таври сода соҳиби шиносномаи русӣ шаванд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби шароити таҳсили хориҷиён дар Русияро дигар мекунад, хабар медиҳад "МВД Медиа".
Дар бораи равишҳои нав дар татбиқи сиёсати муҳоҷират муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал-полковники пулис Александр Горовой хабар дод.

"Хориҷиёне, ки ба категорияҳои афзалиятноки хатмкунандагон тааллуқ доранд, метавонанд ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандии Русия умед банданд" - гуфт Горовой.

Афзун бар ин ислоҳоти сиёсати муҳоҷират ба тартиби ҷалби хориҷиён ба кор низ таъсир мерасонад. Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод мекунад, ки феҳристи корфармоён, ки қувваи кории хориҷиро ҷалб мекунанд, тартиб дода шавад ва иҷозатномаҳои коғазӣ бо сабти электронӣ иваз карда шаванд.
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Ҳар рӯз ҳудуди 210 тоҷикистонӣ: киҳо аз ҳама зиёд шаҳрвандии Русия мегиранд
Муовини вазир гуфт, ки корфармо метавонад муҳоҷири дилхоҳро, ки ба Феҳристи давлатии коргарони хориҷӣ шомил аст, ба ҷойҳои холии тасдиқшуда ҷалб кунад.
Ёдрас мешавем, ки дар Русия инчунин низоми ҳуқуқии будубоши хориҷиён тағйир дода мешавад ва якбора се низоми нави муҳоҷиратӣ ҷорӣ мегардад: кутоҳмуддат, дарозмуддат ва доимӣ.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
9 асоси радди шаҳрвандии Русия барои хориҷиҳо: яке депорт
Илова бар ин Горовой чунин мешуморад, ки бо назардошти шаклҳои шуғл ва хусусиятҳои мақоми шаҳрвандони кишварҳои ИИАУ низоми андозбандии хориҷиёнро беҳтар кардан лозим аст.
"Пардохти мунтазами андоз тасдиқи фаъолияти воқеии меҳнатӣ хоҳад буд ва шарти пешбурди ҳуқуқи будубош дар Федератсияи Русия хоҳад шуд", - таъкид кард ӯ.
Бо мақсади мусоидат ба ҳамкорӣ байни шаҳрвандон корфармоён ва давлат Вазорати корҳои дохилӣ инчунин барои равандҳои муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ ва сертификатсияи тиббӣ, бақайдгирии биометрии муҳоҷирон, додани ҳуҷҷати ягона ва полиси суғуртаи тиббӣ, як платформаи рақамӣ таъсис доданист.
Муовини аввали вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия қайд кард, ки ислоҳоти заминаи ҳуқуқии сиёсати муҳоҷират бояд то соли 2025 ба анҷом расад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала