Силоҳҳои сохти ИМА ба Украина мунтақил мешаванд: оянда чӣ хоҳад шуд?

© AP / Ariel SchalitИзраильские солдаты держат боеприпасы, стоя на крыше танка в плацдарме недалеко от границы с Израилем в Газе
Израильские солдаты держат боеприпасы, стоя на крыше танка в плацдарме недалеко от границы с Израилем в Газе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Дар таърихи ИМА мусаллаҳ кардан ва таълим додани лашкарҳои хориҷӣ мисолҳои муваффақ надорад.
Баръакс тамоили манфии шикасти лашкарҳое, ки бо дастгирӣ ва тибқи стандартҳои Пентагон - Гурҷистон (2008), дар Ироқ (2015), Афғонистон (2021) таъсис дода шудаанд, сабти таърих шуданд. Қадами навбатӣ Украина аст, ки торафт бештар аз ҷониби амрикоиҳо "икмол"-у тадрис мешавад.
10 октябр Иёлоти Муттаҳида ба фурудгоҳи Бориспили наздикии Киев аввалин қисми кумаки иловагӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ба маблағи 60 миллион доллар – силоҳҳои дақиқзан, муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти назорати радарӣ интиқол дод.
Ин маънои таҳвили беш аз 250 миллион доллареро, ки буҷаи ИМА барои нерӯҳои низомии Украина барои соли 2021 ҷудо кардааст, дорад. Амрикоиҳо Киевро нозпарвард нахоҳанд кард; дар тӯли ҳафт сол ҳаҷми умумии кумаки низомии Амрико ба Украина тақрибан 2 миллиард долларро ташкил дод, яъне барои ҳар як сарбози фаъол тақрибан 1000 доллар дар як сол (ё 93 доллар дар як моҳ), дар ҳоле ки теъдоди сарбозон 255 000 нафар мерасад.
Лоиҳаи буҷаи мудофиаи ИМА барои соли 2022 барои Украина 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст, ки бо ин маблағ танҳо метавонад шуҳрати машкуки нимамустаъмараи ИМА ва афзоиши мушкилоти амнияти миллиро харидорӣ намояд. Таҷдиди муосири артиши 200-ҳазорнафарӣ харҷи даҳ баробар беш аз инро тақозо дорад. Набудани ҳавопаймоҳо ва танкҳои нав дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар НАТО аз он шаҳодат медиҳад.
Заседание Верховной рады Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Руслан Стефанчук Раиси нави парлумони Украина шуд
Аммо дар миёнамуддат афзоиши интиқоли аслиҳаи Амрико ба Киев эҳтимол дорад. Украина ва ИМА рӯзи 1-уми сентябр дар бораи ҳамкориҳои низомӣ ва муқобила бо Русия "дубора музокира" карданд. Худи ҳамон рӯз раҳбари Пентагон Ллойд Остин дар як нишаст дар Вашингтон ба президенти Украина Владимир Зеленский системаҳои зиддимушакии зиддитанкии “Javelin” ва дигар муҳимотеро ваъда дод. Баъдтар муҳофизакори амрикоӣ изҳор дошт, ки Вашингтон Украинаро амалан узви НАТО медонад.
Ин "ҳаваси хатарнок" ба мардуми Украина ва дар маҷмуъ Аврупо чизи хубе ваъда намекунад. Пас аз мулоқотҳои моҳи сентябри ҳайати Украина дар Вашингтон “Укроборонпром” бо ширкатҳои амрикоӣ ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллар се созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Русия борҳо аз Иёлоти Муттаҳида ва НАТО тақозо кардааст, ки кумаки низомӣ, таҳвили силоҳҳои кушанда ва ғайрикушанда ба Украинаро, ки дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ дар Донбасс қарор дорад, қатъ кунад, зеро солҳост, ки Амрико аз тариқи ин сиёсат Аврупоро ноором кардааст.

Зиреҳи заиф

Якшанбеи гузашта амрикоиҳо ба Украина аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, таҷҳизоти назорати радарӣ ва тиббӣ доданд. Мутобиқи "рангомезии биёбонӣ" -и мошинҳои зиреҳпӯши HMMWV дар акс Киев таҷҳизоти истифодашударо эҳтимолан ҳангоми транзит аз Афғонистон гирифт. HMMWV-и муҷаҳҳаз бо мусалсал "шӯришгарон"-и африқоиро метарсонад. Дар Аврупо зиреҳи ин мошинҳо онҳоро аз тиру минаҳо муҳофизат нахоҳад кард.
Бисёре аз коршиносони соҳаи аслиҳа “Humvee”-ро мошини ҷангӣ ҳисоб намекунанд. Нерӯҳои низомии Украина HMMWV гирифтаанд ва дар робита ба нозук будани муҳаррики он иттилоъ доданд: пас аз гардиши 4000-5000-километрӣ бояд филтрро иваз ва муҳарраикро пок кард, дар ин зимн қисмҳои эҳтиётии ин мошин дар дастрас нестанд.
Ҳанӯз дар моҳи марти соли 2015 хадамоти матбуотии президенти Украина аз таҳвили 10 мошини HMMWV ба унвони кумаки ройгони низомӣ ба маблағи 73 миллион доллар хабар дода буд. Сипас гуфта мешуд, ки ин мошинҳо бо системаҳои мушакии зиддитанкии Украина муҷаҳҳаз карда мешаванд. Изи даҳгонаи аввали ин мошинҳо дар даштҳои Украина гум шуд. Қаҳрамонии онҳо маълум нест.
Киев, Украина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Асорати сиёсӣ ва қарзӣ: Иттиҳоди Аврупо ба Украина чӣ дод
Қаблан "Укроборонпром" пешниҳод карда буд, ки мошинҳои зиреҳпӯши худ - "Раптор", "Козак", "Махно", "Кугар", "Спартан", "Шрек", "Фиона" ва ғайраро тавлид кунад. Бо ин ҳол "аспи ҳадя" нисбат ба як сармоягузории дарозмуддати бо муваффақияти бидуни тазмин бартарӣ пайдо кард.
Мошинҳо, радарҳои тӯрхонаӣ (аккумулятор) ва ҷабъаҳои кумаки аввалияро Вашингтон метавонанд ройгон ба Киев бидиҳад, аммо на орӣ аз ғараз. Онҳое, ки ин таҷҳизот ва аслиҳаи амрикоиро мегиранд, тааҳҳудҳои муайянеро ба уҳда даранд – пайравии бечунучаро аз сиёсати душманӣ ва роҳандозии иғво алайҳи кишварҳое, ки Вашингтон ишора менамояд.
Иёлоти Муттаҳида бо таъмини силоҳ вазъи низомӣ-сиёсии минтақаро тафсонда, украинҳоро ба ҷанг тела медиҳад ва онҳоро ба талафоти қобили мулоҳизае рӯ ба рӯ мекунад. Стратегияи таъмини аслиҳаи Вашингтон хеле шаффоф аст: бумиҳои Аврупои Шарқӣ бояд якдигарро бикушанд ва барои амрикоиҳои "истисноӣ" қаламравро озод кунанд.

Норинҷакҳое бо калибрҳои номувофиқ

Рӯйхати силоҳҳои дақиқе, ки ба Киев ворид карда мешаванд, чунин аст: таҳвили тактирандози дорои калибри бузурги 12,7-миллиметрии “Барретт М82”, системаи мушакии зиддитанкии “Javelin” (ATGM) ва лавозимоти ҷангӣ барои онҳо.
Туфанги якунимметрии “Barrett M82” бо вазни тақрибан 15-килоӣ имкон медиҳад, ки дар масофаи то 1800 метр тирандозии ҳадафмандона дошта бошад. Барои муқоиса тактирандози русии "Корд-М"-и дорои калибри 12,7-миллиметрӣ тақрибан 10 кило вазн дорад ва ҳадафро дар масофаи ҳаддиаксарии то 2000 метр исобат мекунад.
Дар дасти нерӯҳои низомии Украина дар Донбасс ҳанӯз соли 2015 “Барретт М82” мушоҳида шуда буд. Ҳамзамон вазири корҳои дохилӣ Арсен Аваков эълон кард, ки тактирандозҳо ҳам дар хидмати Гвардияи миллӣ қарор гирифтаанд. Дар тӯли шаш сол туфанги 12.7-миллиметрии амрикоӣ дар муқовимати Украина чӣ тағйир ворид кард? Савол риторикӣ аст.
Передача военной техники Республике Таджикистан от российской стороны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Сарфармондеҳи артиши Украина мехоҳад савори тонк дар Кремлу Арбат сайру гашт кунад
Нерӯҳои низомии Украина аз соли 2017 маҷмуаи зиддитанкии "кушандаи дифоӣ"-и “Javelin” доранд. Он барои нест кардани мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, объектҳои муҳофизатшаванда дар замин ва ҳаво (на чандон баланд) дар масофаи то 2500 метр пешбинӣ шудааст.
Эҳтимол меравад, ки нерӯҳои низомии Украина бо тақрибан 1000 маҷмуаи FGM-148 “Javelin” мусаллаҳанд. Нархи яктои он 125 ҳазор доллар аст ва мушак барои он тақрибан 40 ҳазор доллар арзиш дорад. Таъсири “Javelin” дар ҳалли буҳрони Украина сифр аст.
Вазорати дифои Украина гуфт: "Таъмини кумаки иловагӣ ... аз Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба нерӯҳои низомии Украина боз як шаҳодати шарикии стратегии вайроннашавандаи давлатҳои мост”.
Дар асл таъминоти силоҳи амрикоӣ ба Киев ба амнияти миллии Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои ҳамсояи Аврупои Шарқӣ таҳдид мекунад. Дар баробари анбори муҳимоти Украина эҳтимоли вокуниши сареъ (интиқом) аз ҷониби Маскав ба ҳамсояи ноороме, ки “хатти сурх”-ро убур мекунад, меафзояд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0