Истеъфои Султонову таъйиноти Шодиев: тағйироти кадрӣ дар идораи тибби шаҳри Истаравшан

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон Шодмон Шодиевро роҳбари идораи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳри Истаравшан таъйин кардааст
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Шодмон Шодиев дар мақоми роҳбари идораи кумаки аввалияи тиббии шаҳри Истаравшан ҷойгузини Шавкат Султонов шудааст.
Аз ҳукумати шаҳри Истаравшан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Шавкат Султонов бо хоҳиши худ аз вазифа рафт. Султонов ҳудуди як соли охир роҳбарии КАТС дар Истаравшанро ба уҳда дошт.
"Дар як ҷаласа бо иштироки Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан муаррифии Шодмон Шодиев ба унвони роҳбари КАТС доир шуд. Дар он Шавкат Султонов низ иштирок дошт ва роҳбарият аз хидматҳои ӯ дар рушди соҳаи тандурустӣ ёдоварӣ намуд”, - гуфт манбаъ.
Идораи КАТС фаъолияти ҳамаи дармонгоҳ (поликлиника) ва нуқтаҳои хидматрасонии тиббиро назорат мекунад.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Шаъну эътибори судяро паст заданд: Раҳмон ду судяро аз вазифа сабукдӯш кард
Шодиев Шодмон Маҳмудович то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни соҳаи тандурустии Истаравшан ва вилояти Суғд фаъолият кардааст. Аз ҷумла дар вазифаи духтури калони шифохонаи касалиҳои дил дар вилояти Суғд, табиби амрози дарунӣ, мудири шуъба дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан фаъолият намудааст.
Инчунин ӯ ба ҳайси мудири муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан, мудири шуъбаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси Хадамоти давлатии экспертизаи тибии иҷтимоии вилояти Суғд кор кардааст. Шодиев аз соли 2016 то ин вақт минҳайси сардори шуъбаи байниноҳиявии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан фаъолият мекард.
Давоми ду ҳафтаи охир ин дувумин таъйиноти кадрӣ дар соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан аст. Охири моҳи сентябр, тибқи фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Обидӣ Фарҳод аз вазифаи сардухтури беморхонаи марказӣ озод ва ба ҷойи ӯ Аббосзода Далер таъйин гардид. Сабаби барканории Обидӣ вазъи саломатиаш арзёбӣ шуда буд, ки гӯиё худи ӯ барои рафтан аз вазифаи сартабибӣ ариза навиштааст.
Лентаи хабарҳо
0