Тоқаев ният дорад, аз вазъи Афғонистон "фоидаи калон" ба даст орад

© Пресс-служба президента Республики КазахстанПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсоя манфиатдоранд
Аз вазъияти Афғонистон "фоидаи калон" гирифтан мумкин аст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳор дошт.
Ба гуфтаи сарвари Қазоқистон, кишварҳои ОМ дар ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон манфиатдоранд. Давлатҳои ҳамсоя метавонанд аз ин бартариҳои муайян ба даст оранд.
"Даъвати Қазоқистон оддӣ ва возеҳ аст - мо саъй дорем, ки ба манфиати бузург ноил шавем, на барои бозии бузург дар қалби Осиё", - таъкид кард Тоқаев.
Вай қайд кард, ки дар шароити кунунӣ Осиё ба "майдони асосии ҷанги геополитикӣ" табдил меёбад, аз ин рӯ Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бояд "пайкарбандии нави амният ҳамкорӣ ва шукуфоии умумӣ"-ро ташкил кунад.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Тоқаев пешниҳоди танҳо нагузоштани Афғонистонро кард
"Ман мутмаинам, ки асри XXI воқеан ба Осиё тааллуқ хоҳад дошт, агар мо тавонем равиши ягона ва созандаро таҳия кунем, масъулият ва уҳдадориҳои бузургро ба дӯш мегирем", - гуфт президенти Қазоқистон.
Илова бар ин Тоқаев аз кишварҳои Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё даъват кард, ки бо иттиҳодияҳои иқтисодии минтақа ҳамкориро ба роҳ монанд. Ба унвони мисол, ӯ аз Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Анҷумани давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҳамкории Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Оромро ёдовар шуд.
Ба гуфти Тоқаев, чунин чораҳо ба давлатҳо имкон медиҳанд, ки устувории иқтисоди худро афзоиш диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала