Чаро шумори занони фарбеҳ нисбат мардон бештар аст? Посухи пизишк

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЖители Претории, архивное фото
Жители Претории, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Маъмулан мардон аз фарбеҳӣ камтар шикоят мекунанд, аммо занон бо ҳамон фарбеҳӣ дарозумртаранд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Мардони фарбеҳ назар ба занон хеле кам ба духтур муроҷиат мекунанд.
Дар ин бора ғизошиноси Русия Михаил Белтсевич дар суҳбат бо портали "Ридус" иттилоъ додааст.
Тибқи омор, мардон аз фарбеҳӣ ба табибон хеле кам шикоят мекунанд.

"Шумораи занон бештар аст, зеро онҳо нисбат ба мардон бештар умр мебинанд. Аз ин рӯ бисёриҳо то замони пирӣ фарбеҳ мешаванд", - гуфт табиб.

Дар ҳамин ҳол пизишк сабаби бештар фарбеҳ шудани занонро ба ҷинси онҳо ва бемориҳои занона рабт намедиҳад. Ӯ қайд кард, ки мардон низ ба тағйироти ҳормонӣ дучор мешаванд.
თავის ქალა - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Мағзи сари инсон метавонад ояндаро пешгӯӣ кунад: олимон
"Гуфтан, ки вазни зан аз ҳормонҳо ва давраи ҳайз вобаста аст, нодуруст аст. Мардон низ дар сатҳи ҳормонӣ метавонанд тағйир ёбанд. Ба эҳтимоли зиёд занон бештар пас аз таваллуди фарзанд вазн мегиранд. Ва баргаштан ба сурати қаблӣ барои онҳо хеле душвор мешавад", - гуфт ӯ.
Дилтангӣ инсонро ба марг мерасонад: равоншинос
Ба гуфти ин мутахассис, занҳо дар муносибат бо ғизо худро назорат карда наметавонанд, онҳо бисёр ҳассос ҳастанд ва ин омил низ метавонад яке аз сабабҳои афзудани вазни онҳо бошад.
Лентаи хабарҳо
0