Сокинон аз бебарқӣ мегӯянд: Масъулин сабабашро шарҳ доданд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксЛампочка в подвале, архивное фото
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Сокинони деҳоти Суғд аз қатъи интиқоли барқ шикоят доранд. Масъулини идораи барқ ин ҳолатро ба ҷараёни корҳои таъмирӣ дар хатҳои барқрасонӣ рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Сокинони навоҳии вилояти Суғд мегӯянд, аз як ҳафта ба ин тараф рӯзона интиқоли барқ ба манзилҳояшон қатъ мешавад.
Хуршед Собиров, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз оғози моҳи октябр қариб ҳар рӯз барқи хонаи онҳо хомӯш карда мешавад.
“Аз соати 8 то 11, гоҳо аз соати 14 то 17 барқро хомӯш мекунанд. Сабаби ин чӣ аст, касе намедонад”, - изҳор намуд Собиров.
Сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам дар бораи қатъи барқи манзилҳояшон иттилоъ доданд. Абдулло, як сокини ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштич мегӯяд, рӯзона то чаҳор соат интиқоли барқ ба хонаи онҳо қатъ мегардад.
Нурекское водохранилище в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
"Норак" пур шуд: Мақомот гуфтанд, таъминоти барқ беҳтар мешавад
“Пештар дар бораи сабаби қатъи нерӯи барқ тавассути радио ва телевизион мардумро огоҳ мекарданд, вале вақтҳои охир ҳеҷ кас дар бораи он чизе намегӯяд”, - гуфт ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Ҳусейн Юлдошев, муовини сардори Шабакаҳои тақсимоти барқ, ки таъминоти нерӯи барқ дар ҳамаи шаҳру навоҳии Суғдро зери назорат дорад, ба Sputnik Тоҷикистон далели чунин вазъро корҳои таъмирӣ гуфт.
Ӯ тавзеҳ дод, ки обрасонии заминҳои кишоварзӣ то охири моҳи сентябр идома кард ва ин ҳолат сабаби ба таъхир мондани таъмиру таҷдиди зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ шуд.

“Ҳоло мавсими обёрии заминҳо тамом шуд ва акнун тибқи нақша, корҳои таъмир ва омодасозии хатҳои интиқоли барқ барои зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд. Бинобар ин бо навбат дар ҷараёни таъмир, рӯзона муваққатан интиқоли барқ қатъ мешавад”, - гуфт Юлдошев.

Аммо ин масъули идораи барқ дақиқан нагуфт, ин таъмире, ки ба хомӯшкунии барқ вобаста аст, то кай идома мекунад.
“Ин ки таъмир кай ба анҷом мерасад, ман чизе гуфта наметавонам. Аз боду ҳавои мусоид истифода намуда, кормандон кӯшиш мекунанд, ки зудтар корҳоро ба охир расонанд”, - зикр кард муовини сардори Шабакаҳои тақсимоти барқ.
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон интиқоли ногаҳонии барқ ​​ба Қирғизистонро шарҳ дод
Дар ҳоли ҳозир интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Суғд асосан аз нерӯгоҳи “Норак”, аз ҷануби кишвар тавассути зеристгоҳи барқии “Суғд-500” сурат мегирад. Бархе аз масъулин мегӯянд, дар пайи болоравии нархи газ ҳоло меъёри истифодаи барқ дар миёни аҳолӣ бештар шудааст.
Ба гуфтаи масъулин, ҳоло назар ба гази моеъ, ки нархи он то 50% боло рафта, ба 7, 5 сомонӣ расидааст, талаботи аҳолӣ ба барқ ҳамчун манбаи гармӣ ва хӯрокпазӣ бештар шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми истифодаи шабонарӯзии барқ дар Суғд то ба 25 милион кВт соат расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои пеш зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала