Даргузашти Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар Кӯлоб

© Faceboook/Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон/Stop TB Partnership, TajikistanТоҳир Туманов табиби силшинос
Тоҳир Туманов табиби силшинос - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Тоҳир Туманов, директори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории cил дар шаҳри Кӯлоб аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар пайи беморӣ дар синни 65-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Садриддин Ғаюров, сардори раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Туманов вақтҳои охир аз бемории сиррози ҷигар ранҷ мебурд.

“Ду моҳи охир пайваста табобат мегирифтанд, вале аҳволашон беҳтар нашуд. Дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд. Туманов аз кадрҳои ботаҷрибаи минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб мерафт, гузашта аз ин як инсони комили дар касбаш содиқ буд. Ҳамеша дар хидмати мардум қарор дошт", - гуфт Ғаюров.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Тоҳир Туманов 65 сол дошт ва беш аз чиҳил соли худро ба касбу корӣ пизишкӣ бахшида буд.
Ду соли охир мудирияти Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили № 2-и шаҳри Кӯлобро бар уҳда дошт.
Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Даргузашти Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ
Аз ин пеш, ҳудуди 10 сол директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) дар Кӯлоб буд.
Дар робита ба даргузашти ин табиб ҳамкоронаш аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён намудаанд.
"Доктор Туманов яке аз мутахассисони варзидаи силшинос, кордону фидоии касбу кори худ, дармонбахши беморону раҳнамои ҳамкорон ва шахси дорои беҳтарин сифатҳои инсонӣ буданд. Даргузашти марҳум барои соҳа талафоти бузург аст", - изҳор намудаанд ҳамкоронаш.
Ҷанозаи Туманов зуҳри имрӯз бо иштироки пайвандон ва аҳли ҳамкоронаш дар қабристони ноҳияи Фархор ба хок супорида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0