“Инсонҳои бемасъулият”: Назари коршинос дар бораи даъватҳои ИМА барои таҳрими Русия

Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов аз талоши қонунгузорони Амрико дар бораи хароб кардани равобити ин кишвар бо Маскав хабар дод.
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар ин зимн Павел Тарусин, сиёсатшинос дар суҳбат бо радиои Sputnik дар бораи мавзуи матраҳ ибрози назар кард.
Сафири Русия дар Амрико пешниҳоди сенаторони амрикоӣ дар бораи таҳрими боз 35 нафар аз шаҳрвандони Русияро тавзеҳ дод.
Ба қавли ӯ, ҳайратовар аст, ки Иёлоти Муттаҳида бо чӣ васвосе мехоҳад равобити Русия ва Амрикоро тахриб кунад.
“Талоши ҷадид эҷоди маҳдудият барои 35 нафар бинобар баҳонаҳои беасос аст”, - гуфта мешавад дар шарҳи Антонов дар “Фейсбук”
Ба назари ин дипломат, аз ин тариқ дар Капитоли мехоҳанд хаёли хоми “мубориза бо душманони Амрико”-ро, ки бофтаи худи онҳост, эҷод кунанд.
Дар ҳамин ҳол устоди риштаи мудирияти давлатии Донишгоҳи давлатии Маскав Павел Тарусин ин амали амрикоиҳоро бемасъулиятӣ унвон кард.
"Ин даъватҳо берун аз меъёранд. Чунин як амалро инсонҳои бемасъулият анҷом хоҳанд дод. Онҳо дар робита ба натоиҷи сиёсати хориҷӣ ҳеҷ масъулияте надоранд. Эшон ҳар чизе, ки ба забонашон омад, мегӯянд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин ин сиёсатшинос гуфт, сиёсати хориҷии Амрикоро раисҷумҳур муайян мекунад, на Кунгура.
"Кулли ин гуна суханрониҳои аъзои Кунгура ва сенаторони амрикоӣ шароите фароҳам меоранд ва он ҳам эҳтимол барои амалиёти Ҷо Байден дар равобити Русия ва Амрико аст. Аммо ақли солим, тавре мо мебинем, дар Амрико ғолиб хоҳад омад”, - афзуд Павел Тарусин.
Ба қавли ин сиёсатшинос, Нуланд (ёвари муншии давлатии ИМА) музокиротеро иҷроӣ мекунад. “Бале, мушкил аст. Аммо музокирот идома пайдо мекунад. Фикр мекунам, иқдомоти созандае роҳандозӣ мешавад, чун чунин як амал ҳам ба манфиати Русия ва ҳам ба манфиати Амрикост. Вагарна ҳалли масоил дар сатҳи байналмилал бидуни дарки ҳамдигар мушкил аст”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала