Маълум шуд, ки кай парвандаи қатли Руфейда ҷамъбаст мешавад

Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Муҳокимаи аввали парвандаи куштори Руфейдаи ноком ду рӯз давом кард: аз наздикон ва ҳомии ҳуқуқи падараш дархост карданд, ки ҷузъиёти мурофиаи додгоҳиро ошкор нанамоянд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Маълум шуд, ки кай парвандаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола ҷамъбаст мешавад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз ниҳодҳои давлатӣ хабар дод.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки пас аз се моҳи куштори даҳшатбори духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятова дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон нахустин муҳокимаи додгоҳии парванда шуруъ мешавад.
Додгоҳ муҳокимаи аввалро пушти дарҳои баста ду рӯз баргузор кард.
Аз падари духтар Валиҷон Иноятов ва вакили дифои ҷабрдида тақозо шудааст, ки ҷузъиёти баррасии додгоҳиро ошкор насозанд.
Руфейда Иноятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
"Кушту ба хонаи занаш гурехт": бибии Руфейда фарзияҳои ифшоношудаи қатли набераашро гуфт
"Пушти дарҳои баста баргузор шудани муҳокимаи додгоҳӣ комилан аз рӯи қонунгузорист. Баррасии додгоҳӣ шаффоф сурат мегирад, тамоми талаботи қонун риоя мешавад ва ҷониби ҷабрдида низ аз он шикояте надорад"- гуфт ӯ.
Ҳамин тавр, ҳарчанд ҷузъиёти баррасии судӣ ошкор намешавад, дар пайи ду рӯзи баррасии додгоҳӣ маълум гардидааст, ки кай муҳокимаи парвандаи куштори Руфейда ҷамъбаст мешавад.

"Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа, 15 октябр суд хулосаи ниҳоии худро нисбата парванда бароварда, ҳукм содир

кунад", - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Падари Руфейда Валиҷон Иноятов низ ҷузъиёти муҳокимаро ироа накард ва танҳо гуфт, ки вакили дифоаш аз додгоҳ нисбати Раҳматулло Гадоев ҳукми абад талаб дорад.
"Танҳо пас аз эълони ҳукми суд аз натиҷаи баррасии судӣ хабар хоҳам дод. Ҳаминашро қайд мекунам, ки гумонбар дар толори судӣ буд ва мо ҳукми абадро аз догоҳ барои Гадоев талаб мекунем", - афзуд Иноятов.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори даҳшатбори духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи июл рух дод. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
“Руфейда барои бозӣ омад”: Гадоев маст будааст – видеои пурраи ВКД
Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ ба иттиҳоми нақзи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 - куштор боздошт шудааст.
Ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.
Дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он, ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала