Духтарон орзу мекунанд, бо муаллим хонадор шаванд - ваъдаи президент

© AFP 2021 / XAVIER LEOTYУчитель во время урока. Архивное фото
Учитель во время урока. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Президенти Қирғизистон дастур дод, то музди меҳнати муаллимон ду баробар бештар карда шавад. Ин яке аз сабабҳои то 400 миллиард сом расонидани буҷаи давлат аст, гуфтааст номзад ба раҳбарии Девони Вазирон
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар соли 2022 маоши омӯзгорон, табибон ва ходимони фарҳанг зиёд карда мешавад, гуфт Оқилбек Ҷабборов, номзад ба мақоми сарвазирӣ ва раҳбари дастгоҳи президент дар ҷаласаи Жогорку Кенеш, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

"Президент Содир Нургожоевич дастур дод, ки маоши омӯзгоронро дучанд зиёд кунем. Ин яке аз сабабҳои ба 400 миллиард сомонӣ расонидани буҷаи кишвар аст", - иттилоъ дод Ҷабборов.

Вай афзуд, ки бо чунин иқдом қонеъ шуданӣ нестанд - бояд боварӣ ҳосил кард, ки "духтарон мехоҳанд бо омӯзгор оиладор шаванд".
Рӯзи омӯзгор дар Душанбе: Тақдими 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба 79 муаллим
Ин дар ҳолест, ки дирӯз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва сипас сарвазири навро таъйин кард.
Президент Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Мирзиёев: То маоши муаллимро ба 1 ҳазор доллар нарасонам, қарор намегирам
Ҳамин тавр Оқилбек Ҷабборов ба курсии иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Қирғизистон нишаст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала