СААД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як размоиши дигар мегузаронад

© Sputnik / Амир ИсаевУчения ОДКБ "Нерушимое братство-2019" в Таджикистане
Учения ОДКБ Нерушимое братство-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Рӯзҳои 22 - 23-юми октябр дар Тоҷикистон, дар наздикиҳои марз бо Афғонистон размоиши калон зери назари масъулини парлумонҳои кишварҳои узви СААД гузаронда мешавад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон размоиши нерӯҳои муштараи СААД зери унвони "Ҳамкорӣ - 2021" гузаронда мешавад, хабар дод дафтари матбуотии Маҷмаи парлумонии кишварҳои узви СААД.
Таъкид шудааст, ки ин размоишро масъулини парлумонҳои кишварҳои узви СААД назорат хоҳанд кард.

"Дар ҷараёни размоиш масъулини парлумонҳо амалиёти нобудсозии гурӯҳҳои силоҳбадасти террористии шартиеро назорат мекунанд, ки ба қаламрави ноҳияи сарҳадии яке аз кишварҳои узви СААД дохил шудаанд", - омадааст дар иттилоия.

Дар ин размоиш намояндагони комиссияҳои дахлдори парлумонҳои кишварҳои СААД - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Истребитель Су-30 на стратегических командно-штабных учениях Кавказ-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Ҳинду Ҷопон ҳавопаймоҳои сохти Русия ва ИМА-ро дар размоиш бо ҳам месанҷанд
Маврид ба зикр аст, ки қаблан фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, генерал-полковник Александр Лапин гуфта буд, ки моҳи октябр дар Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон силсилаи размоишҳои нерӯҳои муштараки СААД гузаронда мешавад.
Дар ин миён ӯ аз машқҳои "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон" мутазаккир шудааст. Дар маҷмуъ дар размоишҳо беш аз 2,7 ҳазор низомӣ иштирок мекунад ва низ аз беш аз 500 адад техникаи ҷангӣ истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала