Сабукӣ дар сабти иқомати донишҷӯёни хориҷии Русия: РВПО роҳандозӣ мегардад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Дар Русия қарор шудааст, ки тартиби ҳузури донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таълимӣ дар ин кишварро тағйир диҳанд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия тағйиротеро дар бораи сабти иқомати донишҷӯёни хориҷиро таҳия кардааст.
Санад дар ин бора дар пойгоҳи федералии лоиҳаҳои меъёрию ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Бар асоси лоиҳаи нави ВКД, барои муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои Русия низоми нави ҳуқуқӣ роҳандозӣ мешавад, ки иҷозатномаи иқомати муваққатӣ барои таҳсил (РВПО - мухаффафи русӣ) мебошад.
Чунин тартиб имкон медиҳад, ки қайди муҳоҷиратии донишҷӯён зимни хуруҷашон аз кишвар дар давоми таҳсил бекор нагардад.
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Дар Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ осонтар мешавад
Таъкид шудааст, донишҷӯи хориҷие, ки РВПО дорад, соҳиби мақоми истиқоматкунандаи муваққатӣ мебошад.
Тавзеҳ дода шудааст, ин тағйир ба муҳассилини муассисаҳое рабт дорад, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд. Гуфта мешавад, чунин раванди сабти иқомати муҳассилини хориҷӣ ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои ниҳодҳои масъули мақомоти умури дохилӣ роҳаттар аст.
Лентаи хабарҳо
0