Таҳияи 30 лоиҳаи созишномаи Тоҷикистону Туркия: аз ҳамкории ҳарбӣ то лағви раводид

© Парламент ТаджикистанаГлава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Зокирзода дар мулоқот бо Човушоғлу изҳор дошт, ки ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистону Туркия аз қаъри таърих реша мегиранд, хабар дод дафтари матбуотии парлумон.
Ба иттилои манбаъ, раиси парлумони Тоҷикистон хостори талоши бештар барои таҳкими муносибатҳо шудаст.
“Мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳтар кардани зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақаӣ ба роҳ монем”, - изҳор доштаст Зокирзода.
Ӯ зикр намудааст, ки феълан зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия ба имзо расида, лоиҳаи 30 санади дигар дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Вазири Туркия гуфт, дар эътирофи ҳукумати Толибон* шитоб намекунанд
Дар феҳрасти лоиҳаҳое, ки феълан мавриди баррасӣ қарор доранд, созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳамкории ҳарбӣ ном бурда шудааст.
Лоиҳаи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркия барои бекор кардани раводид аз санадҳои дигари баррасишавандаи миёни ҷонибҳо мебошад.
Дар мулоқот таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат, то ҳадди шарикии стратегӣ бо Туркия аст.
Лентаи хабарҳо
0