Тошиев дар бораи аъзои мафияҳо: танҳо сар бардоранд, мо онҳоро пора-пора мекунем

© Sputnik Табылды КадырбековАрхивное фото Камчибека Ташиева
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Ба гуфтaи раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, таъсири гурӯҳҳои ҷиноӣ солҳои пеш дар ин кишвар бештар эҳсос мешуд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Агар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ танҳо сар бардоранд, ҳамон замон пора - пораашон мекунем, гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи Жогорку Кенеш.
Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон, ҳамчунин дар ин ҷаласаи порлумон сохтор ва ҳайати ҳукумати нав баррасӣ мешавад.
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Қамчибек Тошиев вазифаи нав гирифт
Тошиев дар ин ҳайат бо нигоҳ доштани мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муовини сарвазир хоҳад шуд.
Тошиев аз ҳабсу парвандаҳои собиқ президентҳо ва тақдири Жээнбеков гуфт
Ба гуфтаи ӯ, дар шимол ва ҷануби кишвар "мафияҳои алоҳида вуҷуд доранд".

"Яке дузди қонунист, дигаре "соҳибкор". Онҳо метавонистанд ба мансабдорон ва вакилон фишор оранд, ба корхонаҳои давлатӣ ҳамла кунанд. Ҳоло чунин падида вуҷуд надорад. Фақат кӯшиш кунанд, сар бардоранд, ҳамон замон пора - пора карда мешаванд", - гуфт Тошиев.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш таъсири аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар кишвар бузург буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала