Тазоҳуроти хунин: снайперҳо дар Бейрут издиҳомро нишон гирифтаанд

© AFP 2023 / JOSEPH EIDПострадавшие во время стрельбы в Бейруте
Пострадавшие во время стрельбы в Бейруте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Обуна шудан
Эҳтимол дорад, ки тирпаронӣ дар Бейрут ҳангоми тазоҳуроте дар робита ба таркиши соли гузашта рух додааст
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Бейрути Лубнон дар натиҷаи як тирандозӣ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, хабар медиҳад "Al Hadath".
Бино ба маълумоти пешакӣ, террористе ба сӯйи мардум шиллик кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳо, ҳамла дар ҳоле рух додааст, ки издиҳоме бо талаби барканор кардани додрасе, ки парвандаи таркиши соли гузаштаро баррасӣ мекунад, таҷаммуъ кардааст.
Ҳоло кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои боздошти ҷинояткор амалиётеро роҳандозӣ кардаанд.
Дар ин тирпаронӣ 6 нафар кушта, тақрибан 60 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Таркиш дар Бейрут

Таркиши шадидтарин дар бандари Бейрут шоми 4 августи соли 2020 рух дод.
Тавре тафтишот муайян кард, нитрати аммиак дар ин бандар таркид, ки онро соли 2014 аз як киштӣ мусодира карда будаанд.
Сабаби фоҷиа хунукназарӣ ва фасоди мансабдорон будааст. Мавҷи зарба ончунон қавӣ буд, ки чанд биноро хароб ва тирезаҳои дӯконҳоро пора - пора намуд.
Последствия взрыва в Ливане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2020
Теъдоди қурбониёни таракиши Бейрут ба 135 нафар расид: 5 ҳазор ҷароҳатдор шуданд
Ҳадди аққал 300 ҳазор шаҳрванд дар паи ин фоҷиа бехонумон шуданд. Тақрибан 160 нафар қурбони ин фоҷиа шуданд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, таркиш дар бандари Бейрут ҳадди аққал 20 миллиард доллар хисорот доштааст. Раиси шаҳр Ҷамол Итанӣ ин ҳодисаро бо зарбаи атомии Хиросима ва Нагасаки шабоҳат дод.
Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор
Инфиҷор дар Бейрут мушкилоти иқтисодӣ ва сохтории Лубнонро фош кард ва боиси норозигии сокинон шуд. Дар натиҷа аз 6 август дар пойтахт тазоҳуроти оммавии хушунатомез оғоз шуду то ҳол идома дорад.
Мардум, ки мегӯянд дигар баҳри аз даст додан чизе намондааст, истеъфои ҳукуматро талаб мекунанд ва бо мақомот даргир мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0