Рушди тавлид ва таъсиси корхонаҳои нав: Хуҷанд дар нуҳ моҳ ба чӣ ноил шуд?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Дар шаҳри Хуҷанд аз рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёд аст.
Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126 фоиз бештар будааст.
Раванди хушккунии зардолу дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Талоши содироти "Аштак", хушкмеваи хоси Тоҷикистон ба Аврупо
Ҳамчунин тибқи ин гузориш, дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд 15 корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз таъсис шудааст.
Ҳамин тавр шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расидааст, ки танҳо ин корхонаҳо ба маблағи зиёда аз 19,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, дар ҳоле ки дар пайи ташкили ин коргоҳҳо 164 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст.
Инчунин аз ҷониби 71 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз бештар гуфта мешавад.
Промышленное предприятие Азот, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ дар Кӯлоб
Дар ин давра ба маҳсулоти асосӣ низ 26 намуд афзуда шуда, ин шохис ба 130 номгӯ расидааст ва тавлиди 87 номгӯи он дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли гузашта зиёда аз 100,0 дарсад таъмин шудааст.
Ҳамчунин дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби истифодаи иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 13,8 млн. сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала