Комилов: Масъалаи ҷойгир кардани пойгоҳи низомии ИМА дар Ӯзбекистон матраҳ нест

© AP / Itsuo InouyeВоенные с американским флагом
Военные с американским флагом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон имкони музокира бо Петагон дар бораи мустақар кардани пойгоҳҳои зиддитеррористии ИМА дар ин кишварро рад кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Масъалаи ҷойгир кардани эҳтимолии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Ӯзбекистон барои мубориза бо терроризм арзиш надорад ва муҳокима карда намешавад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба вазири корҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ Абдулазиз Комилов.
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои муштарак-ул-манофеъ дар Минск изҳори назар кард.

“Ин савол матраҳ нашудааст ва муҳокима карда намешавад", - гуфт ӯ ба хабарнигорон дар ҳошияи саммит.

Пештар "Politico" бо истинод ба манбаъҳояш дар Конгресс аз нақшаҳои артиши ИМА хабар дода буд, ки мансабдорони Пентагон дар ин моҳ дар Ӯзбекистон имкони ҷойгиркунии нерӯҳои зиддитеррористии Амрикоро баррасӣ хоҳанд кард.
Аммо дар худи Ӯзбекистон ин маълумотро таъйид накарданд. Вазорати дифои ин кишвар гуфт, ки аз Пентагон дархости расмӣ барои сафар ба ҷумҳурӣ нагирифтааст.

"... Мо расман чизе нагирифтем (дар бораи сафари ба нақша гирифташуда. - Sputnik). Расман, моро бояд аллакай хабардор мекарданд, аммо дар ҳоли ҳозир чизе нест", - шарҳ доданд онҳо дар ин ниҳод.

Ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии вазири хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок мекунад, ки 13-14 октябр дар пойтахти Беларус баргузор мешавад.
15 октябр ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала