Путин дар бораи сарнавишти доллар гуфт: "ИМА шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад"

© PixabayДоллар на земле
Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Президенти Федератсияи Русия гуфт, ки чӣ тавр Амрико пули миллӣ ва ҷаҳонии худро нест мекунад
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Худи Иёлоти Муттаҳида мавқеи долларро ҳамчун асъори захиравии универсалӣ вайрон мекунад. Владимир Путин, президенти Русия ин нуктаро дар суҳбат бо телевизиони CNBC изҳор дошт.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, шумораи бештари кишварҳо аз доллар ба манфиати пули миллӣ даст мекашанд.
"Иёлоти Муттаҳида барои манофеи лаҳзаинаи вазъияти фаврии сиёсияш ба нақшаҳои стратегии иқтисодии худ зарар мерасонад", - гуфт Путин. Ба гуфтаи ӯ, ИМА "шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад".
Президенти Русия қайд кард, ки Маскав ба радди пурраи доллар манфиатдор нест. Русия аз ҳисоббаробаркуниҳо бо пули ИМА қаноатманд аст, пеш аз ҳама барои нафту дигар захираҳои энергетикӣ.
Тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ аз вазъи иқтисоди ИМА вобаста аст. Сарвари давлат гуфт, Федератсияи Русия ба устувории он манфиатдор аст.
Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд
Путин хулоса кард, ки Маскав барои манфиатҳои дарозмуддати худ назорат, таҳлил мекунад ва чораҳои зарурӣ меандешад.
Пештар президенти Русия гуфта буд, ки таҳримҳои ИМА Русияро маҷбур мекунанд, ки асъори алтернативии долларро истифода барад.
Ба гуфтаи Путин, дар оянда ширкатҳои энергетикӣ метавонанд аз доллар даст кашанд, ки ин ба мавқеи он дар ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халал мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала