Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Путин густариши терроризм аз Афғонистон ба Осиёи Марказиро истисно накард - видео

Террористони афғонистонӣ метавонанд ба густариши терроризм аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя шуруъ кунанд
Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ гуфт, ки вазъ дар Афғонистон мураккаб аст ва он ба кишварҳои ҳамсоя низ таҳдид мекунад.
Путин ҳамлаҳои террористӣ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказиро истисно накард.
Ятимов: вазъ дар Афғонистон ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад
Вай афзуд, ки ҳоло дар минтақаи ноустувор гурӯҳҳои террористии ДИИШ* мавҷуданд, ки фаъолона аз Ироқ ва Сурия берун меоянд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи раҳбари Русия, ҷангҷӯён саъй хоҳанд кард, ки "вазъро дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, то оғози тавсеаи мустақим" ноором кунанд.
Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод
Хунсо кардани чунин таҳдидҳо, ба гуфтаи Путин бояд яке аз вазифаҳои хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ гардад.
* - ДИИШ созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала