Рустами Эмомалӣ: Дар Душанбе сатҳи камбизоатӣ поин рафтааст

© Dushanbe.tj/шаҳрдории ДушанбеШиркати Рустами Эмомалӣ дар форуми соҳибкорон дар Душанбе
Ширкати Рустами Эмомалӣ дар форуми соҳибкорон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Раиси шаҳри Душанбе гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар Душанбе поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ ба таври маҷозӣ дар форуми байналмилалии сармоягузорӣ - "DUSHANBE-INVEST-2021" ширкат кард ва дар бораи иқтисоди кишвар андешаронӣ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.
Раиси шаҳри Душанбе гуфтааст, ки фазои сармоягузории Тоҷикистон, бахусус Душанбе бо заҳмату талошҳои президенти Тоҷикистон беҳтару хубтар гардида, ба марҳилаи сифатан нав расидааст.
Ӯ дар баромади худ изҳор доштааст, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир имкон дода, то рушди устувори иқтисоди кишвар шакл бигирад.

"Бо муҳайё намудани имконият ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳазорҳо ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуд", - гуфтааст Рустами Эмомалӣ.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин гуфтааст, ки форуми мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва рушди иқтисоди мамлакат шароити мусоиде фароҳам меорад.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Тоҷикистон аз сабукиҳои молиёт барои соҳибкорон ва коҳиши санҷишҳо дар кишвар гуфт
Ногуфта намонад, ки Форуми байналмилалии сармоягузорӣ - "DUSHANBE-INVEST-2021" бахшида ба "Рӯзи соҳибкорон" дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Дархости Рустами Эмомалӣ аз Бонки миллӣ барои дастгирии соҳибкорон
Дар чорчӯби форум, ҳамчунин рӯзҳои 13-15 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноат Ярмаркаи байналмилалии "Universal Tajikistan-2021" гузаронида мешавад, ки дар он маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.
Манбаъ афзуда, ки сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии молӣ ва шарикони рушд дар ин ҳамоиш бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ошно гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала