Тоҷикистон ва Туркия гардиши молро ба як миллиард доллар мерасонанд

© AP / Pan YulongЛогистическая станция с контейнерами в Китае
Логистическая станция с контейнерами в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши мол байни Туркия ва Тоҷикистон 177 миллион долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркия ният доранд, тиҷорати дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар расонанд, гуфт вазири саноат ва технология Мустафо Варанк дар ҳамоише марбут ба саноат дар Душанбе.
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки Туркия яке аз шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар гардиши тиҷорати хориҷии кишвар мавқеи махсусро ишғол мекунад.
Тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши мол байни ин ҷумҳуриҳо 177 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол дар соли 2020 ин рақам нисбат ба соли 2019 17% афзоиш ёфта, 323 миллион долларро ташкил додааст.
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Таҳияи 30 лоиҳаи созишномаи Тоҷикистону Туркия: аз ҳамкории ҳарбӣ то лағви раводид
Дар солҳои пеш аз пандемияи COVID-19 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркия аз 700 миллион доллар гузашта буд.
Дар солҳои наздик кишварҳо ният доранд, ин рақамро ба як миллиард доллар расонанд.
То имрӯз дар зимни ҳамкориҳои ин давлатҳо наздик ба 60 корхонаи муштараки саноатӣ бунёд шудааст. Барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Душанбе маркази савдои "Вафо" амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала