Дархости "Толибон"* аз ИМА: Моро аз рӯйхати террористон хориҷ кунед

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Обуна шудан
Сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* аз мақомоти ИМА дархост кард, ки раҳбарони толибонро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* дар мусоҳиба бо шабакаи "ал-Ҷазира"-и Қатар аз мақомоти ИМА дархост кард, то раҳбарони ин гурӯҳро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.

"Ба амрикоиҳо лозим аст, ки нуқтаи назари худро дар бораи ворид кардани раҳбарони "Толибон"* ба рӯйхати террористон бознигарӣ кунанд", - гуфт ӯ.

Онҳо вуҷуди исмҳои моро дар ин рӯйхат ҳамчун фишор ба ҳукумати [муваққатии] Афғонистон истифода мебаранд. Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки усулҳои дипломатиро риоя кунанд, зеро ба назари ман, ин дар оянда ба онҳо фоидае намерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида бояд ба "Толибон"* имкони хидмат ба мардуми худро диҳад.

"Аз амрикоиҳо мехоҳем, имконият диҳанд, ки ба мардуми худ хидмат кунем, ҳарчанд мо ва мардум мефаҳмем, ки дар баъзе маворид бархе аз кишварҳо нисбати мо комилан содиқ нестанд", - гуфтааст ӯ.

"Агар Иёлоти Муттаҳида "Толибон"*- ро аз ин рӯйхат хориҷ накунад, ба ин маънист, ки онҳо тааҳҳудоташонро иҷро намекунанд. Мо ҳама уҳдадориҳоямонро аллакай иҷро кардем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз иҷро накардааст", - гуфтааст ин мақомдори толиб.
Ин мақомдори "Толибон"* таъкид кардааст, ки дар хоки Афғонистон таҳдиди террористӣ вуҷуд надорад, бавижа аз ҷониби ДИИШ*.
"Танҳо ҳузури ДИИШ дар Афғонистон барои раҳбарияти пешини Афғонистон муфид буд", - гуфтааст Хайрхоҳ.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* нақшаҳои бузургашонро ошкор карданд
Ёдовар мешавем, шуморе аз раҳбарони "Толибон"* дар феҳристи таҳримҳои байналмилалӣ ё дар рӯйхати террористон дар баъзе кишварҳо қарор доранд ва ИМА барои боздошти иддае аз онҳо маблағ низ пешниҳод кардааст.
Аввали моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод. 15 август ҷангиёни ин гурӯҳ қудрат дар ин кишварро ғасб ва баъдан ҳукумати худ дар Афғонистонро эълон кард, аммо то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё давлати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳҳои террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0