"Шумо мебинед, ки онҳо чӣ кор хоҳанд кард": ҳайрати Жириновский аз афви муҳоҷирон

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксЛидер партии ЛДПР Владимир Жириновский
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Жириновский талаб кард, шарҳ диҳанд, ки афви муҳоҷирон барои Русия чӣ зарурат дорад ва онро баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раҳбари ҳизби ҲЛДР Владимир Жириновский зимни суханронӣ дар пленуми Думаи давлатӣ аз Кумитаи ИДМ-и Думаи давлатӣ пурсид, ки чаро Русия ба афви муҳоҷирон ниёз дорад, менависад "Парламентская газета".
Сиёсатмадори рус дар ин нишаст таваҷҷуҳро ба "афви муҳоҷирон" -и нав ҷалб кард.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳоло дар Русия тақрибан 300 ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ афв шудаанд, ба онҳо иҷозаи дубора ба кор рафтан дода шудааст.

"Ҳар касе дар ин ҷо авбош буд, зӯровариву таҷовуз мекард, барои онҳо бозгашт ба Русия манъ карда шуда буд. Онҳо афв шуданд, 300 ҳазор ба зудӣ меоянд. Ҳоло онҳо бармегарданд ва шумо хоҳед дид, ки чӣ кор мекунанд", - гуфт Жириновский.

Пас аз он раҳбари Ҳизби либерал -демократӣ аз Кумитаи умури ИДМ-и Думаи давлатӣ хоҳиш кард, ки ин вазъро баррасӣ кунад.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин низ пас аз шарҳи Жириновский ба Кумитаи умури ИДМ супоришҳои мушаххас дод.
"То ҷое ки ман медонам, сухан дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меравад, ки ба таъхири бақайдгирӣ вобаста аст", - мушаххас кард Володин .
Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки афви ба истилоҳ муҳоҷирон ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳое дахл надорад, ки қонунҳоро вайрон кардаанд ё " қонуншикании ҷиноӣ содир кардаанд."
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Беш аз сад ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати "афви муҳоҷирон" қарор гирифт
Илова бар ин Володин таъкид кард, ки ин маълумот бояд ба шаҳрвандон расонида ва шарҳ дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия мамнуияти вуруд барои 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин кишварро ботил кард.
Афв нисбати шаҳрвандони хориҷие татбиқ намегардад, ки дар асоси қарори суд аз Федератсияи Русия ихроҷ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала