Идомаи болоравии қурби рубл: БМТ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон ба балантарин нишондиҳандаҳояш дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ расид
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл бо 0.1573 баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 3 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби рубл имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли ду ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Символ рубля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Долларро бошад, БМТ дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ медорад - 11.2940 сомонӣ барои як доллар. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.
Асъори аврупоӣ бошад, пас аз коҳиши якбора, каме боло рафта, 1 евро баробар 13.1089 сомонӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1580 -1595 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1565 то 0.1585 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1560 то 0,1590 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Путин дар бораи сарнавишти доллар гуфт: "ИМА шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад"
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала