Дипломати Русия гуфт, пойгоҳи ИМА кишварҳои ОМ-ро ҳадафи зарбаи "Толибон"* қарор медиҳад

© Пресс-служба МГИМОДиректор Третьего департамента стран СНГ МИД РФ Александр Стерник
Директор Третьего департамента стран СНГ МИД РФ Александр Стерник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Вазорати умури хориҷии Русия мустақар кардани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказиро хатарнок хонд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҷой додани пойгоҳҳои низомии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин давлатҳоро ҳадафи зарбаҳои ҷавобии "Толибон"* қарор хоҳад дод, изҳор дошт Александр Стерник, мудири Департаменти сеюми ВКХ Русия дар умури кишварҳои ИДМ.
Ба гуфтаи ӯ, "Толибон" захоири кофӣ барои истифода алайҳи кишварҳои Осиёи Марказиро доранд.
Стерник зимни ҳамоиши 13-уми Анҷумани пажуҳишгарони байналмилалии Русия изҳор дошт, ВКХ фишореро, ки ИМА ба ҳампаймонони Русия оварда истодааст, хатарнок медонад. Ӯ аз ҷумла азми ИМА барои ҷой додани пойгоҳи низомии зиддитеррористӣ дар қаламрави ОМ-ро зикр намуд.
"Ин қатъиян қобили қабул нест, ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳам Русия ва ҳам Чину Эрон, чун мо медонем, ки чӣ вазифаҳоеро пойгоҳҳои мустақар дар Осиёи Марказӣ ҳал хоҳанд кард", - таъкид намуд мудири департаменти ВУХ Русия.
Ӯ муътақид аст, ки ИМА бо чунин иқдомаш кишварҳои минтақаро зери зарбаи ҷавобии "Толибон"* ва ё созмонҳои дигари тундгаро қарор медиҳад.
"Барои истифода алайҳи ин минтақа "Толибон" захоири кофиро доранд ва аллакай дар маҷмуъ ба Тоҷикистон бо он таҳдид карда истодаанд", - илова намуд Стерник.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Раҳмон таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ИДМ аз Афғонистонро эълон кард
Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ печида шуда, созмони "Толибон"* қудратро ғасб намуда, аз ташкили аморати исломӣ хабар дод. Ин гурӯҳ, ки аз тарафаи ҷомеаи ҷаҳонӣ террористӣ эътироф шудааст, тафсири хосе аз қавонини шариатро дорад, ки хилофи мардумсолорӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла ҳуқуқи занон барои кору таҳсилро маҳдуд мекунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала