Ҳавои рӯзҳои истироҳати Тоҷикистон мардумро ба ҳайрат мегузорад

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Мехргон в Душанбе
Праздник Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Осмони Тоҷикистон рӯзи ҷашни қадимии тоҷикон - Меҳргон, ки охири ҳафта дар саросари кишвар таҷлил мешавад, софу беғубор хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон аз гармтарин рӯзҳои моҳи октябр хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии кишвар.
Ҳавои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ камабр, вале бебориш намешавад. Шабона ҳарорати ҳаво 5-7 гарм, рӯзона + 23 °C мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ шабона аз -1 то - 4 ° C, рӯзона + 21 ° C пешгӯӣ шудааст.
Ҳавои шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд низ муътадил аст. Бориш дар назар нест - рӯзона аз +21 то + 23 ° C ва шабона + 5 то +7 °C гуфта мешавад. Дар кӯҳҳо то 1 ° С сардӣ пешбинӣ мешавад.
Эмомали Рахмон посетил фруктовые сады в районе Джаббор Расулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Меҳргон табрик кард
Дар вилояти Хатлон рӯзона ҳаво дар водиҳо то + 27 ° C ва шабона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво офтобӣ ва хушк хоҳад буд. Дар доманакӯҳҳо ҳаво 5 дараҷа сардтар пешбинӣ шудааст.
Агар рӯзи шанбе, 16 октябр ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то + 19 °C ва абрӣ бошад, рӯзи якшанбе бориш сар мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-5 , рӯзона 20-22 гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб барфи тар меборад, боди сабук мевазад, шабона -4 ...- 6 ° C ва рӯзона + 8-10 ° C мешавад, аммо дар шарқи ВМКБ, дар баъзе ҷойҳо шабона, -13 °C ва рӯзона аз 5 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала