Ҷавоне дар дуздии чорвои як зани ҳамдеҳааш муттаҳам мешавад

CC0 / unsplash / Корова на лугу
Корова на лугу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки дар дуздии чорвои як зан айбдор мешавад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Мақомоти милиса дар ноҳияи Нуробод бо иттиҳоми чорводуздӣ ҷавони 27-солаеро боздошт кардаанд.
ВУД мегӯяд, муттаҳам сокини ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод мебошад.
Ӯ дар он айбдор мешавад, ки 19-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 06:00 аз чарогоҳи болои деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Муҷихарф се сар говро дуздидааст.
Лошадь в Симферополе, Крым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Аспдуздӣ дар ҷамоати Доғистони Шамсиддини Шоҳин: муттаҳам боздошт шуд
Соҳиби чорвои дуздидашуда, зани 38-солаи сокини ҳамин ҷамоат ба мақомоти милиса арз доштааст, ки зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нисбати ҷавони муттаҳам бар асоси моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои дуздӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари худи гумонбар ва ё ҷониби ҳимояаш феълан дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомоти умури дохилии Тоҷикистон маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0