Омодабоши хадамоти махсуси кишварҳои СҲШ бинобар вазъ дар Афғонистон

© REUTERS / West Asia News AgencyБоевики Талибана* на бывшей американской авиабазе Баграм в Парване, Афганистан
Боевики Талибана* на бывшей американской авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи вахим дар Афғонистон хадамоти махсуси СҲШ эълон кардааст, дар ҳоло омодабош қарор дорад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Хадамоти иктишофии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) робитаҳоро дар пасманзари вазъ дар Афғонистон тақвият додааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба хадамоти матбуотии Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ.
Хадамоти махсус ба табодули иттилоот дар бораи муқовимат бо терроризми Афғонистон шуруъ кард.
Ҳамин тариқ дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ дар Тошканд ҷаласаи сарони воҳидҳои зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ин созмон баргузор шуд.

"Роҳбарони ҳайатҳо ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар заминаи вазъ дар Афғонистон баҳо дода, дар робита ба масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули назар карданд", - омадааст дар хабар.

Илова бар ин иштирокчиён пешниҳодҳои марбути тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт байни мақомоти салоҳиятдори СҲШ-ро баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндаи Ӯзбакистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай Раҳматулло Нуримбетов гуфта буд, ки соли оянда тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узв дар мубориза алайҳи терроризм муҳим хоҳад буд.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Ятимов: Вазъи Афғонистон тамоми ИДМ-ро таҳдид мекунад
СҲШ соли 2001 таъсис ёфта, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Эрон, Покистон ва Ӯзбекистонро шомил мешавад.
Кишварҳои нозир Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала