Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

КДАМ ва ВКД дар Хатлон муҳоҷирони ғайриқонуниро "шикор" мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудник милиции в защитной медицинской маске
Сотрудник милиции в защитной медицинской маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Мақомоти қудратии Тоҷикистон масъалаи назорати риояи қавонини будубош дар Тоҷкистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷиро тақвият мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Тоҷикистонро ошкор мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.

"Марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-Кордон 2021" бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорати риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва ба кор машғул шудани онҳо гузаронида мешавад", - омадааст дар хабар.

Марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-Кордон 2021" аз 11 то 18-уми октябри соли 2021 ба роҳ монда шудааст.
Дар ин муддат кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд асноди тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору зиндагӣ мекунанд, тафтиш кунанд.
Тибқи гузориши манбаъ, феълан санҷишҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ идома доранд.
Глава ГКНБ Таджикистана Саймумин Ятимов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Ҳазорон афғонистонӣ мехоҳанд вориди Тоҷикистон шаванд: изҳороти Ятимов - видео
Рафти амалиёт аз тарафи кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони раёсати КДАМ, намояндагони Хадамоти муҳоҷират тибқи нақша иҷроӣ мешавад.
Қаблан сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва иктишофии кишварҳои узви ИДМ гуфта буд, ки ҳамарӯза 500-600 нафар саъй мекунанд, аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд.
Ба гуфти ӯ, шумораи паноҳандагон аллакай аз 15 ҳазор нафар гузаштааст.
Ятимов: Вазъи Афғонистон тамоми ИДМ-ро таҳдид мекунад
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми ин кишварро ғасб ва ҳукумати худро дар он ҷо эълон кард.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала