Таъсири коронавирус ё рақобати носолим? Дар Хуҷанд 19 корхонаи саноатӣ аз кор монд

© Свободная экономическая зона "Сугд"В СЭЗ "Сугд" ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 15 корхонаи нави истеҳсолӣ таъсис дода шуда, аммо дар ин давра 19 корхонаи саноатӣ аз кор бозмондааст
ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд дирӯз тайи як ҷаласа нишондиҳандаҳои нуҳмоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Бахтиёр Боқизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар ин ҷаласа иброз намуд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 19 корхонаи саноатӣ фаъолияти худро қатъ кардааст.
Ӯ гуфт, “аз кор бозистодани ин теъдод корхонаҳои саноатӣ сабаби коҳиши афзоиши истеҳсоли маҳсулот гардидааст”.
Бар пояи маълумоти расмӣ, алҳол шумори корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд 179 адад гуфта мешавад.
Аммо дар ҷаласаи ҳукумат зикр гардид, ки аз шумори умумии корхонаҳои саноатӣ 41 адад, ё 22, 9% аз ин коргоҳҳо нисбат ба ин давраи соли гузашта дуруст фаъолият накардаанд ва аз ин ҳисоб истеҳсоли маҳсулот ба мизони 26, 2 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Цементный завод в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шералӣ Кабир сабаби кор накардани сад корхонаи Тоҷикистонро гуфт
Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Хуҷанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985, 8 миллион сомонӣ расидааст ва ин нишондод дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта ҳамагӣ 1, 2 миллион сомонӣ зиёд гуфта мешавад.
Аммо аз ҳисоби мунтазам фаъолият накардани корхонаҳои тавлидӣ ҳаҷми бақияи маҳсулоти бозмонда дар анбори корхонаҳо дар муқоиса ба аввали сол ба маблағи 44, 4 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ин ҳолат дар навбати худ барои кам шудани манбаъҳои андозсупорӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Хуҷанд мегӯянд, аз 19 корхонаи бозмонда баъди корбарии комиссияи мақомоти шаҳрдорӣ 7 ададаш дар роҳи барқароршавӣ қарор дошта, рўзҳои наздик дубора ба истеҳсоли маҳсулот шуруъ менамоянд.
Дар ин миён корхонаҳое, ки низ ҳастанд, ки дар амборҳояшон захираи зиёди маҳсулот доранд, муваққатан фаъолият надоранд. Дар сурати миқдори муайяни молҳояшон ба фуруш рафтан, бакорандозии ин корхонаҳо шуруъ мегардад ва 3 адади дигар ҳуҷҷатҳои хешро расман барои барҳамдиҳӣ пешниҳод намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала