Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Кумаки башардӯстонаи СММ барои Афғонистон ба Ӯзбекистон расид

© Служба новостей ООНВ Узбекистане ждут первый борт ООН с помощью для Афганистана
В Узбекистане ждут первый борт ООН с помощью для Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Аз ин ҷо кумаки башардӯстона тариқи гузаргоҳи марзии Тирмиз - Ҳайратон ба Мазори Шариф фиристода мешавад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҳавопаймое, ки бо кумаки башардӯстона аз Дафтари паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) барои Афғонистон парвоз кардааст, рӯзи ҷумъа ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон расид, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба як корманди фурудгоҳи Тирмиз.

"Ҳавопаймои "Ил-76" бо ёрии башардӯстонаи СММ соати 11:20, ба вақти маҳаллӣ (11:20 ба вақти Душанбе) ба фурудгоҳи Тирмиз фуруд омад",-гуфт сухангӯи фурудгоҳ.

Кумак молҳои ниёзи аввал барои мардуми Афғонистонро дар бар мегирад.
Ҳамин тавр борҳо бо мошинҳои боркаш, тавассути гузаргоҳи марзии Тирмиз-Ҳайратон ба Мазори Шарифи Афғонистон интиқол дода мешавад.
Дар маҷмуъ СММ тасмим гирифтааст, ки тавассути фурудгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон ба Афғонистон се ҳавопаймо кумаки башардӯстона фиристад.
Встреча делегации МИД Узбекистана с и.о. главы МИД Афганистана Амир-Ханом Муттаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Сипоси "Толибон"* ба Ӯзбекистон: Комилов дар Кобул чӣ ваъда дод
Қаблан раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон эълон кард, ки ба инзивои байналмилалии Афғонистон ва такрори сенарияи охири солҳои 90-ум бояд роҳ дода нашавад.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми ин кишварро ғасб ва ҳукумати худро дар он ҷо эълон кард.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0