Лавров дар мисоли Тоҷиикстон хостори густариши макотиби русӣ дар ИДМ шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аз ташкили макотиби русӣ дар Тоҷикистон ёдовар ва хостори густариши чунин лоиҳаҳо дар тамоми кишварҳои ИДМ шуд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Маскав ҳавасманд аст, ки макотиби русӣ дар ҳамаи кишварҳои ҳампаймони Русия ташкил шаванд, изҳор дошт Сергей Лавров.
"Панҷ мактаби русӣ бо барномаи комили таълимии мо дар Тоҷикистон сохта шуда истодаанд. Феълан чунин барнома барои Ӯзбекистон дар ҳоли таҳия аст", - афзуд ӯ дар зимни суҳбат дар VII Анҷумани ҷаҳонии ҳамватанони Русия.
Ба гуфтаи Лавров, вақтҳои охир роҳбарияти ҷадиди Арманистон низ майлашро барои роҳандозии чунин лоиҳа дар қаламрави кишвараш баён доштааст.
Вай таъкид кард, Маскав ҳавасманд аст, ки чунин барномаҳо дар қаламрави ҳамаи ҳампаймонон ва шарикони стратегияш татбиқ гарданд.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Дастури Путин барои ҷоннок кардани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон: мӯҳлат то 15 июл
Вазир зикр намуд, ки низоми ташкили намояндагиҳои муассисаҳои олии Русия дар кишварҳои ИДМ рӯ ба рушду густариш мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия бо ҳадафи боло бурдани ҷойгоҳи забони русӣ дар хориҷи кишвар чанд лоиҳаро татбиқ мекунад, ки онҳо сохтмони макотиб, ирсоли муаллимон, маводи таълимӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва такмили ихтисоси муаллимони забони русро фаро мегиранд.
Русия ният дорад, дар панҷ шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактаби русӣ созад, ки муҳассилин дар он аз тариқи озмун аз навоҳии гуногуни кишвар қабул шуда, таълимро аз рӯи барномаи қабулшуда дар Русия роҳандозӣ намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала