Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард

© Sputnik / Алексей ДружининПрезидент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин гуфт, Русия барои ба расмият шинохтани "Толибон"* шитоб намекунад, аммо бо онҳо бояд робита кард
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бо эътирофи расмии "Толибон"* шитоб кардан лозим нест, гуфт президенти Русия Владимир Путин.

"Мо мефаҳмем, ки бояд бо онҳо робита кунем, аммо набояд шитоб дошта бошем. Мо бо шумо, якҷоя муҳокима ва машварат хоҳем кард", - гуфт Путин зимни суханронӣ дар Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ.

Ӯ қайд кард, ки вазъ дар Афғонистон боиси нигаронӣ аст, барои Осиёи Марказӣ ва тамоми фазои ИДМ хатар вуҷуд дорад.
"Бинобар ин вуҷуди ин вазъият тақвияти талошҳои муштаракро тақозо мекунад, пеш аз ҳама дар самти мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир", - таъкид кард раҳбари Русия.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Маскав: барои ба расмият шинохтани Толибон* аҷала надорем
Президент инчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки "Толибон"* дар Афғонистон бо маводи мухаддир мубориза мебурданд, аммо дар шароити иқтисоди буҳронии ин кишвар даст кашидан аз ин манбаи даромад барои онҳо осон нахоҳад буд.
Путин қайд кард, ки дар Афғонистон 2 ҳазор ҷангҷӯи "Давлати исломӣ" (созмони террористие, ки дар Федератсияи Русия мамнуъ аст) мавҷуд аст ва онҳо барои барангехтани низоъҳои қавмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Русия талош менамоянд.

"Террористон кӯшиш мекунанд, ки ба қаламрави иттиҳод ворид шаванд, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон", - гуфт раҳбари Русия.

Моҳи октябр қарор аст, дар Маскав барои ҳалли вазъ дар Афғонистон мулоқот баргузор шавад, гуфт Путин ва аз ҳамтоёнаш дар ИДМ хоҳиш кард, ки дар дубора оғоз кардани кор дар шакли сегонаи васеъшуда (Русия, ИМА, Чин ва Покистон) кумак кунанд.
Ба гуфтаи президент, барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон саъй кардан лозим аст.
* - ҳаракати террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала