Раҳмон аз кишварҳои узви ИДМ хост, ки ба таҳияи рӯйхати ягонаи террористон мусоидат кунанд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Тоҷикистон умедвор аст, ки кишварҳои иттиҳод аз таъсиси рӯйхати ягонаи созмонҳои ифротгаро пуштибонӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ гуфт, бояд рӯйхати ягонаи гурӯҳҳои террористиеро, ки фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои иттиҳод мамнуъ аст, тартиб дод.
Тоҷикистон ба дастгирии кишварҳои узви ИДМ дар таҳияи рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ умед мебандад.

"Ман аз фаъолияти як қатор созмонҳое, ки дар кишварҳои мо мамнуанд, нигарон ҳастам, ки платформаҳои сохторҳои байналмилалӣ ва минтақаиро барои сафед кардани амалҳои ғайриқонунии худ истифода мебаранд ", - гуфт сарвари Тоҷикистон.

Дар робита ба ин Раҳмон изҳори умедворӣ кард, идеяи пешниҳодкардаи ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар қаламрави кишварҳои узв мамнуъ аст, амалӣ карда мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Раҳмон таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ИДМ аз Афғонистонро эълон кард
Ёдовар мешавем, масъалаи зарурати ташкили рӯйхати ягонаи созмонҳои мамнуъ барои ҳамаи кишварҳои ИДМ дар конфронсе бо намояндагони кишварҳои иттиҳод ҳанӯз соли 2018 ба миён гузошта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала