Раҳмон таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ИДМ аз Афғонистонро эълон кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Ба гуфтаи Раҳмон, дар пасманзари тағйири қудрат дар Афғонистон ҳамоҳангии бештари мақомоти амниятӣ дар кишварҳои ИДМ зарур аст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Буҳрони низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон хатари ҷиддӣ ба амнияти кишварҳои ИДМ аст, гуфт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ.

"Буҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кард", - гуфт раҳбари Тоҷикистон.

Ба андешаи ӯ, ба сари қудрат омадани "Толибон"* вазъро дар давлати ҳамсояи Тоҷикистон боз ҳам печидатар кардааст.
Дар робита ба ин, ба эътиқоди президент, "ҳамоҳангии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст".
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор дошта буд, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати фарогирро таъсис дода шавад ва тоҷикон, ки дар ин кишвар беш аз 46 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон,"Толибон"* ҳукумати қаблии ин кивашрро суқут дод.
* - ҳаракати террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала