Раҳмон ва мудири кулли ЮНЕСКО мероси фарҳангии тоҷиконро баррасӣ карданд

© пресс-служба главы РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и генеральный директор ЮНЕСКО Одри Азуле
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и генеральный директор ЮНЕСКО Одри Азуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Эмомалӣ Раҳмон ЮНЕСКО-ро ба муносибати 75-умин солгарди ин созмон табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зимни сафари расмияш ба Фаронса дар Порис бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азулей мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

"Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф баррасӣ шуданд", - омадааст дар хабар.

Раҳмон ба раҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳори сипос намуда, тамоми масъулини ин созмонро бо 75 -умин солгарди таъсиси он табрик гуфтааст.
Вай қайд кард, ки "Наврӯз", "Шашмақом" ва "Чакан - ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва Ҳулбук бо номи нав, яъне “Ҳулбук - пойтахти Хатлони қадима” ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Дар ҳамин ҳол “Ҷашни Меҳргон”, “Санъати кашидадӯзӣ”, “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ”, “Рӯбоб”, “Бозиҳои бачагона” ва “Латифаҳои Хоҷа Насриддин аз ҷониби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳо ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.
Выставка Таджикистан - страна золотых рек в Национальном музее восточных искусств Гиме, Франция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Намоишгоҳи қадимтарин нигораҳои тоҷик дар Фаронса шӯре барпо кард: акс
Ҳамчунин тарҳи пешниҳоди фалак, атласу адрасбофӣ низ, тибқи талаботи ЮНЕСКО омода гардида, барои баррасӣ дар соли 2022 пешниҳод гардидааст.
Ба туфайли талошҳои муштарак дар Тоҷикистон соли гузашта ҷашнҳои бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардиданд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки муаррифии хуби фарҳанг ва таърих бештар ба рушди сайёҳӣ вобаста аст.
Дар рафти вохӯрӣ натиҷаҳои Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тилоӣ" бо иштироки сарони ду кишвар ҷамъбаст карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала