"Равшан"-и Зафаробод ба Лигаи олии Тоҷикистон роҳ ёфт: Радабандии мавсими 2021

© ФФТФутбольная команда "Равшан"
Футбольная команда Равшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Дастаи футболи "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод соҳиби роҳхат ба Лигаи олии Тоҷикистон-2022 шуд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки дастаи "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод дар даври ниҳоии бозиҳои Лигаи аввали кишвар тими "Ҳосилот"-и Фархорро шикаст дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бозии марказии даври ниҳоии Лигаи аввали Тоҷикистон миёни "Равшан"-у "Ҳосилот" бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими ноҳияи Зафаробод анҷомид. Ин пирӯзӣ барои бозигарони тими "Равшан" мақоми дуюм ва роҳхат ба Лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими 2022 овард.
Ҷойи аввалро дар бозиҳои Лигаи аввали Тоҷикистон - 2021 "Регар-ТадАз" гирифт, ки ҳамчунин ба Лигаи олии Тоҷикистон-2022 роҳ ёфт.
Ҳамин тариқ дар ҷамъбасти бозиҳои Лигаи аввали Тоҷикистон дар мавсими 2021 тими "Регар ТадАЗ" бо 58 хол ҷои 1, дастаи "Равшан" бо 51 хол ҷои дуюм, "Ҳосилот" бо 49 хол ҷои сеюм гирифтанд.
Панҷгонаи пешсафи Лигаи аввал инчунин дастаҳои "Ҳулбук" ва "Динамо"-ро шомил мешавад.
Сипас "Барқчӣ" ҷои 6, "Панҷшер" - 7, "Саркойкамар" - 8, "Пахтакор" - 9, "Ваҳдат" - 10, "Моҳир" - 11 ва "Исфара" мақоми 12-умро соҳиб шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала