Русия аз Черногория истирдоди Телман Исмоилов, собиқ раҳбари бозори Черкизовро хостор шуд

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкПредприниматель Тельман Исмаилов
Предприниматель Тельман Исмаилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Русия аз Черногория дархост кардааст, то соҳибкор Телман Исмоиловро ба ин кишвар истирдод кунад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Додситонии кулли Русия аз Черногория дархост кардааст, то соҳибкор Телман Исмоилов ба ин кишвар истирдод намояд. Ӯ дар Русия дар содир кардани ҷиноят муттаҳам мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Додситони кулли Русия хабар доданд.

"Дархости истирдоди Т.М.Исмоилов ба Федератсияи Русия 7 октябр ба Вазорати адлия, ҳуқуқи башар ва ақаллиятҳои Черногория тавассути роҳҳои дипломатӣ фиристода шудааст", - омадааст дар хабар.

Марина Русакова, вакили дифои Исмоилов бошад, гуфтааст, ки Телман Исмоилов талош мекунад, аз Черногория паноҳгоҳи сиёсӣ гирад. Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, Исмоилов ин иттиҳомотро беасос медонад.
Дар Русия Исмоилов мисли бародараш Вагиф бо иттиҳоми ду куштор ва қочоқи ғайриқонунии силоҳ ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шуда, додгоҳ ҳукми ӯро ғоибона содир кардааст.
Телман Исмоилов, ки аз соли 2016 дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, бо дархости Русия дар рӯзи 2 октябр дар Черногория боздошт шуд.
Тафтишот Телман Исмоиловро созмондиҳандаи куштори соҳибкорон Владимир Савкин ва Юрий Брилёв мешуморад, ки дигаре аз омилони ин ҷиноят Меҳмон Керимов ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Исмоилов ба рейтинги сарватмандтарин соҳибкорони Русия ворид шудааст. Соли 2009, замоне ки дар бораи дороии асосии Исмоилов - бозори Черкизово саволҳои зиёд пайдо шуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Лентаи хабарҳо
0