Сабаби бистарӣ гаштани собиқ президенти ИМА Клинтон маълум шуд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЭкс-президент США Билл Клинтон
Экс-президент США Билл Клинтон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Президенти собиқи 75-солаи ИМА дар беморхона бистарӣ шуд
Президенти пешини ИМА Билл Клинтон дар беморхона бистарӣ шуд, хабар медиҳанд расонаҳои амрикоӣ.
Президенти собиқи ИМА ба маркази тиббии Донишгоҳи Калифорния, воқеъ дар Ирвин бистарӣ шуд. Гуфта мешавад, бемории ӯ ба COVID-19 рабте надорад.
"Сабаби дар беморхона хобидани президенти пешини ИМА Билл Клинтон заҳролудшавии хун аст", - менависад CNN.
Сарвари пешини давлат, аз ҷумла бо антибиотикҳо табобат мегирад, омадааст дар хабари манбаъ.
"Ӯро пас аз сироят ба беморхона бурданд. Бо антибиотикҳо ӯро табобат мекунанд ва табибон мегӯянд, ки ба онҳо вокуниши мусбат нишон медиҳад", - менависад телевизион бо истинод ба табибон.
Пизишкони президенти собиқ Алпеш Амин ва Лиза Бардак гуфтаанд, ки роҳҳои пешобгузари президенти собиқ сироят шудаанд. Онҳо гуфтанд, мушкилҳои урологии афроди калонсол кам нестанд ва онҳоро табобат кардан осон аст.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Путин гуфт, аз гирифторӣ ба коронавирус метарсад ё не
Онҳо инчунин қайд карданд, ки Клинтон на ба хотири саломатӣ, балки ба хотири амниятӣ дар шуъбаи эҳё табобат мегирад.
Ӯ рӯзи сешанбе, пас аз эҳсоси хастагӣ ва муроҷиат барои ташхис дар беморхона бистарӣ шудааст.
Уилям Ҷефферсон (Билл) Клинтон 75 сол дошта, аз соли 1993 то 2001 президенти Иёлоти Муттаҳида ва пеш аз он ӯ панҷ маротиба губернатори Арканзас интихоб шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0