“Су-25”-и Русия дар Тоҷикистон: омодагӣ ба ҳамла

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкШтурмовики Су-25
Штурмовики Су-25 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус кишварҳои Осиёи Марказиро таҷаммуи террористон аз Ироқу Сурия дар Афғонистони ноором таҳдид мекунанд
Вазъияти мураккаб афзоиши сатҳи омодагии ҷангии нерӯҳо ва роҳандозии хадамоти махсус дар тамоми қаламрави шимоли сарҳади Афғонистонро тақозо менамояд.
Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарони хадамоти махсуси Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар 13-уми октябр эҳтимоли вуруди террористони дорои таҷрибаи низомӣ дар Ироқу Сурия аз Афғонистонро то оғози густариши мустақим эълон ва бар аҳамияти омодагии нерӯҳои амниятӣ ба амалиёти муштарак таъкид кард.
Худи ҳамон рӯз маълум шуд, ки хадамоти иктишофии Русия сенарияи кунунии рушди вазъи Афғонистонро пешгӯӣ карда будааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)-и Тоҷикистон аз афзоиши гардиши маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ аз қаламрави Афғонистон хабар дод. Майдони хушбинӣ дар назари мо танг мешавад.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сенарияи бадтарин": ҳадафи аслии тамрин дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маълум шуд
Қаблан Андрей Руденко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфта буд, ки “Толибон”* қодир нестанд, вилоятҳои шимоли Афғонистонро назорат кунанд ва онҳо амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро кафолат намедиҳанд. Баъзе гурӯҳҳои мусаллаҳи “Толибон”* омодаанд, ба Тоҷикистон ҳуҷум кунанд.
Дар зимни ин нигарониҳо машқи муштараки амалиётӣ-стратегии нерӯҳои СПАД - "Бародарии ҷангӣ-2021" дар наздикии марзи Афғонистон комилан муҳим ба назар мерасад.
Машқҳо дар тамрингоҳҳои Ҳарбмайдону Момираки Тоҷикистон дар рӯзҳои 18-23 октябр бо ширкати тақрибан панҷ ҳазор низомии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон сурат мегиранд. Дар ин размоиш аз беш аз 700 воҳид силоҳу муҳимот, бахусус беш аз 40 ҳавопаймову чархбол (“Су-24МР”, “Су-25”, “Ми-8МТВ”, “Ми-24”) ва 15 ҳавопаймои бидуни сарнишин барои мақсадҳои гуногун истифода мешавад.
Ҷузъҳои "Бародарии ҷангӣ" машқҳои вижаи "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ", "Эшелон"-анд, ки Sputnik дар ин бора пештар гуфта буд.
Сардори Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров рӯзи панҷшанбе иттилооти марбут ба нерӯ, васоили муштараки нирӯҳоро тасҳеҳ ва таъкид кард, ки тарҳи тамринҳо шеваҳои мухталифи тавсеаи воқеот дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон то ҳадди ниҳоии ташаннуҷи вазъро шомил мешавад.

Ҳамлаҳои чархишӣ

Ҳампаймонони СПАД омодагӣ ба як силсила машқҳои вижа дар наздикии марз бо Афғонистонро анҷом медиҳанд. Ҳавопаймоҳои бомбаандози “Су-24МР”-и Ҳавзаи низомии марказии Русия ва ҳавопаймои таҳоҷумии “Су-25”-и пойгоҳи муштараки Русия "Кант", ки дар Қирғизистон мустақар аст, ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар ин размоиши муштарак халабонҳо ҷустуҷӯ ва маҳви душман, кумаки ҳавоӣ ба нерӯҳои савораи заминӣ ва танкронҳоро тамрин менамоянд.
Ҳавопаймои таҳоҷумии “Су-25” барои нест кардани ҳадафҳои заминии хурд ва мутаҳаррик пешбинӣ шудаанд. Он барои дастгирии бевоситаи нерӯҳои заминӣ, ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз, дар шароите ки ҳадаф дида мешавад ва ё дар ҳоли дида нашудани он аз иртифои 30 метр то панҷ километр дар назар гирифта шудааст.
Учения мотострелков 201-й РВБ на полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Низомиёни Русия ҷангҷӯёни шартиро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд
Шуои чархиши кӯчаки “Су-25” (500 метр) ба халабонони ҳамла кумак мекунад, то ҳамалотро созмондеҳӣ ва муҳимот, гулӯлаҳои тӯпи 30-миллиметрӣ, мушакҳои ҳидоятшаванда ва бидуни ҳидоят, бомбаҳои тасҳеҳшуда ва хӯшаи такбомб, бомбҳои мунфаҷираи қудратманд ва бакҳои оташзоро сарфа намояд. Ҳадди ниҳоии борбардории ҳавопаймои таҳоҷумии “Су-25” беш аз 4 тонна аст.
Ин ҳавопаймо дар авоили солҳои 80-ум худро дар Афғонистон хуб нишон дод ва дар тӯли даҳсолаҳои ахир на як бору ду бор навсозӣ шудааст.
Омодагӣ ба размоиш хеле ҷиддист. Қаблан муовини фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказии Русия Алексей Лемякин гуфта буд, ки Тоҷикистон “бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ҷанг дар Сурия вазифаҳои васеи таъминоти моддию техникии нерӯҳои вокуниши дастаҷамъии СПАД-ро тамрин хоҳад кард”.
Дар тамринҳои амалиётӣ-стратегии "Бародарии ҷангӣ-2021" сарбозони Узбакистон, ки узви СПАД нестанд, балки дар минтақаи амниятии созмон ҷойгир буда, қаблан дар машқҳои муштараки зиддитеррористӣ иштирок карда буданд, ҷалб намешаванд.
Эҳтимол Тошканд ният дорад, ки таҳдидҳои низомиро мустақилона бартараф месозад ё ба шарокати худ бо афғонҳо бештар аз нерӯҳои СПАД умед дорад.

Муҳити амалиётӣ

Иқдомоте дар сиёсати хориҷии “Толибон”* дар моҳи октябр - силсилаи вохӯриҳои муҳим (дар Доҳа) ва талошҳо барои дарёфти кӯмаки башардӯстонаву молӣ, эътирофи ин ҳаракат ҳамчун нерӯи қонунии сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ таназзули иқтисод ва сиёсати дохилии Афғонистонро ҷуброн нахоҳад кард.
Кишварҳои ҳамсоя ва СММ пай бурданд, ки “Толибон”* ваъдаҳои худро дар бораи ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтироми ҳуқуқи занон иҷро намекунад. Сарфи назар аз ваъдаҳои “Толибон”* ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои калон ва тарконидани хатҳои барқ ​​дар вилоятҳои шимоли Афғонистон идома доранд.
Пас аз дубора ба қудрат омадани “Толибон” расонаҳои Афғонистон аз 17 ҳамлаи террористӣ хабар доданд, ки пушти аксари онҳо “Давлати исломӣ”* меистод. Ҷабри ин таркишҳо болои тақрибан 600 нафар дар Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар, Кундуз таҳмил шуд.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Ятимов: Вазъи Афғонистон тамоми ИДМ-ро таҳдид мекунад
Бар асари таркиши рӯзи 8-уми октябр дар масҷиди шиаҳои вулусволии Хонобод (вилояти Кундузи ҳамсояи Тоҷикистон) 120 нафар кушта ва беш аз 160 нафар маҷрӯҳ шуданд. 14 октябр дар вилояти Кунар як мошин тарконда шуд, ки як нерӯи пулиси таъйиншуда аз ҷониби “Толибон”* дар ин вилоят дохили он буд.
Пас аз “муваффақ” шудани “Толибон”* дар мубориза бар зидди дахолати низомии ИМА ва НАТО ба Афғонистон террористҳои ДИ* бо таҷрибаи ҷанг дар Ироқ ва Сурия идомаи ҷанги "ҳама бар зидди ҳама"-ро ваъда медиҳанд.
Мушкили мардуми Афғонистон дар он аст, ки дар мубориза барои ба даст овардани қудрат дар ин кишвар гурӯҳҳои бештари радикалӣ пайдо мешаванд. Муборизаи "куҳна"-и ҳизбии зидди “Толибон”-ро Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуди хурдӣ идома медиҳад.
Бо дарназардошти вазъи Афғонистон тамринҳои низомии СПАД дар Тоҷикистон, кумаки низомӣ ва низомӣ-фаннии Русия ба Душанбе, таҳкими моддию техникии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар моҳҳои оянда ба эҳтимоли зиёд идома ва рушд хоҳад кард.
*-гурӯҳҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0