Таркиши муҳиб дар масҷиди шиаҳои Қандаҳор ҳангоми намози ҷумъа

© WAKIL KOHSARМашины скорой помощи в Афганистане, архивное фото
Машины скорой помощи в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Дар яке аз масҷидҳои Қандаҳор замони адои намози ҷумъа таркиш рух дод
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар ҷануби Афғонистон, дар вилояти Қандаҳор таркиши бузург ба амал омад, гузориш медиҳад хабаргузории маҳаллии "Ашвака".
Инфиҷор дар масҷиди шиаҳо воқеъ дар маҳаллаи Имоми Боргоҳ, дар маркази вилояти Қандаҳор рух додааст.
Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ҳамлаи террористиро як маргталаб анҷом додааст.
Расонаҳо аз кушта шудани шумораи зиёди мардум ва захмӣ шудани сокинони маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сарбозони гумноми Ҳазористон": ҳазораҳо ҳам ба муқовимат бархостанд
Ҳафтае пеш дар шимоли Афғонистон, дар Кундуз ҳангоми намози ҷумъа масҷиде тарконда шуд. Дар паи он инфиҷори мудҳиш 120 кас ҳалок ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Тошканд ва "Толибон"* дар Тирмиз сохтмони хатти барқ ​​ва роҳи оҳанро баррасӣ мекунанд
Ҳамзамон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ кард.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0