"Яке пайдо шуду рафт": Волии Бадахшон то ба ҳол таъйин нашудааст

© Twitter / Забехуллох МуджохидМавлави Амонуддин, бывший глава провинции Бадахшана
Мавлави Амонуддин, бывший глава провинции Бадахшана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз барканории Мавлавӣ Амонуддин Мансур, волии қаблии Бадахшон “Толибон”* то ба ҳол ҳеҷ касеро ба ҷои ӯ муаррифӣ накардаанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Як мақомдори паштун, ки аз ӯ волии ояндаи Бадахшон ном мебурданд, баъди пайдо шудани сарусадоҳо расман муаррифӣ нашуд ва курсии волӣ дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳанӯз холист, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.
Мавлавӣ Амонуддин, волии пешини Бадахшонро муовини фармондеҳи горнизони Мазори Шариф таъйин карданд ва Мавлавӣ Шамсуддин Паҳлавон, як фармондеҳи дигари “Толибон”* дар Бадахшон, ки даъвои курсии волиро дошт, муовини вазири кишоварзӣ таъйин шуд.
Бино ба ёфтаҳои иттилоотии Sputnik Тоҷикистон, қарор аст, ба курсии волии Бадахшон як паштуни зодаи Чаҳордараи вилояти Кундуз нишинад, аммо ӯ то ҳол расман муаррифӣ нашудааст.
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард
“Рӯзи 10-уми октябр ин фард бо иттифоқи Мавлавӣ Нуриддин Амир ва Мавлавӣ Ока, волиёни Тахору Кундуз ба Ишкошим, вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистон рафта, шаб он ҷо монд ва рӯзи дигар ба Файзобод баргашт. Аммо вақте тақаррурии ӯ ба забонҳо уфтод, сарусадоҳо пайдо шуданд, ки “Толибон”* тоҷиконро пас зада, ба ҷои ӯ паштунро овардааст", - изҳор дошт манбаъ.
Ӯ афзуд, ки шояд ин ҳассосият аст, ки ӯ муаррифӣ нашудаву дар дафтари вилоят ҳам ҳузур надорад.
Дар ин миён, овозаи тақаррури Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ, маъруф ба Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, яке дигар аз фармондеҳони матраҳи “Толибон”* дар Бадахшон доман паҳн кард, ки номзадиаш аз сӯйи “Толибон”* рад шудааст.
Бадахшон бузургтарин вилояти Афғонистон буда, дар қисмати шимолу шарқии он ҷойгир аст ва аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Бино ба гузоришҳо, дар ин вилоят солҳо ба ин сӯ ҷангиёни созмонҳои террористии марбути кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин пойгоҳ эҷод намуда, фаъолият мекунанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала