Баромади афсонавӣ: овозхон аз Душанбе дар даври интихобии озмуни "Голос" ғолиб шуд- видео

Овозхони тоҷик аз санҷиши намоиши вокалии машҳури "Голос" гузашт
Илҳом Тоҳиров, ҳунарманди 27-сола аз Душанбе махсус барои ширкат дар озмуни "Голос" ба Маскав омадааст.
Ҳамаи чаҳор узви ҳакамон барои иҷрои нотакрор ба ҷавони тоҷик раъй доданд.
Ҳамзамон оҳангсоз ва сарояндаи маъруф Александр Градский иҷрои ҳунари тоҷикро "ба таври афсонавӣ дақиқ" номид.
Тоҳиров дар озмун таронаи машҳури "Dream a Little Dream of Me"-ро суруд, ки гарм истиқбол шуд.
Ҷавони тоҷик дар озмуни "Голос"-и шабакаи 1-и Русия доваронро дар ҳайрат гузошт-видео
Суруд бори аввал соли 1931 иҷро шуда буд ва ин мусиқиро Фабиан Андре ва Вилбур Швандт навиштаанд.
Барои кори минбаъда дар намоиш Тоҳиров сароянда ва актёри синамои рус Дмитрий Биланро ба сифати устоди худ интихоб кард, аммо таъкид кард, ки ӯ мехоҳад бо ҳамаи ҳунармандон ҳамкорӣ кунад.
Дар моҳи октябри соли равон дар "Шабакаи аввал"-и Русия мавсими 10-уми намоиши телевизионии вокалии "Голос" оғоз ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала