"Ҳамрози 61 сол": ҳамсари Муъмин Қаноат даргузашт

© Аз бойгонии Шаҳноз КомилзодаМуъмин Қаноат бо ҳамсар ва келини собиқаш Шаҳноз Комилзода
Муъмин Қаноат бо ҳамсар ва келини собиқаш Шаҳноз Комилзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Обуна шудан
Матлуба Раҳматуллоева, ҳамсари Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 89-солагӣ олами фониро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳамсари Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон дар шаҳри Душнбе даргузашт.
Ӯ ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ бо ин шоири номвари тоҷик ошно ва то охири умр дар канори ӯ буд.
Шаҳноз Комилзода, яке аз наздикони Муъмин Қаноат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум субҳи барвақти 16 октябр дар манзили худ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшида, ба абадият пайваст.

"Пас аз марги шавҳарашон ҳамеша мегуфтанд, ки чизе намерасад, як баҳонае барои зистан нест. Онҳо дар як курсу як донишгоҳ хонда, аз сеюмкурсӣ ошиқи якдигар шуда буданд. 61 сол зиндагии муштарак доштанд. Ман ба ишқу вафодории онҳо ҳамеша ҳавас мекардам ва назирашонро ҳам то ба ҳол надидаам”, - гуфт Шаҳноз Комилзода.

Матлуба Раҳматуллоева зодаи шаҳри Самарқанди бостонӣ буда, соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи таъриху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм ва худи ҳамон сол бо Муъмин Қаноат издивоҷ карда буд.

“Дар ҳамин авохир як китоби хотираҳояшонро ба унвони "Хотироти зани шоир" ба анҷом расонданд. Мехостанд дар 90-солагии шавҳарашон рӯнамоӣ кунанд. Дар тараддуди чопаш будем, аммо умр вафо накард, ки охирин тифли зиндагии хешро бубинанд”, - гуфт Шаҳноз Комилзода.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиву сиёсии Тоҷикистон се сол пеш, 18 майи соли 2018 даргузашта буд.
Даргузашти шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат
Ҳосили зиндагии 61-солаи ӯ бо Матлуба Раҳматуллоева се фарзанд ба номҳои Далер, Парвин ва Ширин аст.
Ҷанозаи Матлуба Раҳматуллоева соати 3-и имрӯз дар маҳаллаи"Қарияи Боло" баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0