Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Ҷавони тоҷик дар озмуни "Голос"-и шабакаи 1-и Русия доваронро дар ҳайрат гузошт-видео

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксПрогон четвертьфинала шоу "Голос"
Прогон четвертьфинала шоу Голос - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Ҷавоне аз Душанбе дар мавсими 10 -уми озмуни "Овоз" (Голос), ки он дар Шабакаи аввали телевизиони Русия оғоз ёфт, ҳама доваронро тасхир кард
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳунарманди ҷавон аз Тоҷикистон Илҳом Тоҳиров аз даври аввали интихобӣ дар намоиши русии "Голос" гузашт.
Овозхони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ суруди Dream a Little Dream of Me -ро иҷро кард.
Ин тарона бори аввал соли 1931 аз ҷониби Оззи Нелсон сабт шудааст. Баъдтар онро бисёр ҳунармандон, аз ҷумла Элла Фитзҷералд, Луи Армстронг, Дорис Дэй, Робби Уилямс иҷро карданд.
Иштирокчии 27-сола аз Тоҷикистон бо иҷрои самимӣ ва дилнишини таронаи машҳур ҳамаи мураббиёнро тасхир кард.
Илҳом дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ӯ барои ин лоиҳа ба Маскав омадааст. Ӯ дар асл тарҷумони забони чинӣ аст. Вай аз хурдӣ мусиқиро дӯст медошту омӯхт ва баъдтар завқ ба кори касбӣ табдил ёфт.
"Ин нотакрор буд!" - гуфт овозхон ва оҳангсоз Александр Градский дар бораи иҷрои Тоҳиров.
Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳакамон муддати тӯлонӣ "чунин як иҷрои дақиқи афсонавӣ" -ро нашунидаанд.
Градский бо истиқбол аз иҷрои Тоҳиров гуфт, ба ҳар ҷонибе, ки равед, ин як ҳаяҷоновар аст, ҳар довареро интихоб мекунед мо хушҳол мешавем.
Ҳама доварон мехостанд, ҷавони тоҷикро дар тимашон бубинанд ва ҳар ҳакаме даъват мекард, ки ӯро интихоб кунад.
Ба гуфтаи Илҳом, ӯ интизор набуд, ки ҳама рӯй мегардонанд, ӯ умедвор буд, ки ҳадди ақал як узви доварон бармегарданд ва ӯро ба тимашон мегиранд.
Илҳом гуфт, ки ӯ мехоҳад бо ҳар як устод кор кунад, аммо азбаски ин дар шароити озмун ғайриимкон аст, Дмитрий Биланро интихоб мекунад.
Ёдовар мешавем моҳи октябри соли равон дар Шабакаи аввали Русия мавсими 10 -уми намоиши телевизионии вокалии "Голос" оғоз ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала