Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз бе сармураббист: кӣ номзади арзанда ба ин вазифа аст

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФутбольный тренер,
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Обуна шудан
Ҷустуҷӯи сармураббии тими футболи кишвар дар Тоҷикистон идома дорад, аммо вақт ба охир расидаистодааст
ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон беш аз чаҳор моҳ аст, ки бе мураббии асосӣ тамрин мекунад. Дар ҳамин ҳол, марҳалаи интихобии Чемпионати Осиё зимистон оғоз мешавад.
Мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев пас аз анҷоми кор дар тими миллии Тоҷикистон ба ватанаш рафт ва яккачини кишвар то ҳол бе мураббӣ аст.
Ҳанӯз дар тобистон Федератсияи футбол эълон кард, ки ҷустуҷӯи мураббӣ оғоз шудааст, аммо то ҳол эълон нашудааст, ки дастаро кӣ роҳбарӣ мекунад.
Зимнан, Усмон Тошев, ки моҳи май дастаи мунтахабро тарк кард, яке аз мураббиёни беҳтарини раҳбарии тими миллии Тоҷикистон дониста мешуд.
Тренер Усмон Тошев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Тошев рафтанашро аз мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон шарҳ дод
Дар умум вазифа ба даст овардани мақоми аввал дар гурӯҳ ва ба марҳилаи навбатии интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 расидан буд, ки иҷро нашуд. Ҳадаф низ осон набуд - қариб ҳеҷ як дастаи Осиё аз Япония гузаштанаш ғайриимкон буд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо вуҷуди ин, натиҷаи шоистаи ниҳоӣ нишон дода, дар гурӯҳ мақоми дуввумро гирифт ва бори аввал дар тӯли солҳои зиёд ба даври сеюми интихоб барои Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Ҳоло интизор меравад, ки даври сеюми интихобӣ моҳҳои январ-феврал оғоз шуда, қуръакашӣ як моҳ пештар баргузор мешавад. Аммо тими миллии Тоҷикистон то ҳол мураббӣ надорад.
Ҳоло дар доираҳои футбол ду номзади возеҳро ба курсии сармураббии тими миллӣ тахмин мезананд. Яке аз онҳо мураббии Истиклол Виталий Левченко аст, ки метавонад иҷрокунандаи вазифаи мураббии тими миллӣ шавад.
Номзади дигар футболбози собиқи "Помир" ва "Спартак" Муҳсин Муҳаммадиев аст, ки, қаблан низ тими миллии кишварро сарварӣ мекард.
Тренер иранского Персеполиса Яхё Гулмухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Изҳори омодагии мураббии маъруфи эронӣ барои фаъолият дар тими миллии Тоҷикистон
Қаблан сармураббии тими "Персеполис" -и Эрон Яҳё Гулмуҳаммадӣ низ гуфта буд, ки агар барояш пешниҳоди ҷиддӣ барои роҳбарияти тими миллии Тоҷикистон шавад, омодааст, ки онро баррасӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол қуръакашии даври сеюми Ҷоми Осиё -2023 низ ба қариби маълум шуд. Тибқи қуръакашӣ дар гурӯҳи аввал - Ӯзбекистон, Урдун, Қирғизистон, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, дар дуюм - Туркманистон, Тоҷикистон, Тайланд, Филиппин, Қувайт, Мянма, дар гуруҳи сеюм - Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Малайзия, Малдив, Сингапур ва Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри Ланка, Индонезияву Камбоҷа бошанд, ба гуруҳи чорум шомил шуданд.
Ҷоми Осиё -2023 аз 16 июн то 16 июл дар Чин баргузор мешавад, ки дар он 24 даста ширкат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0